Аҳамият ва зарурати баҳси издивоҷ
Аҳамият ва зарурати баҳси издивоҷ
0 Vote
135 View
Дини Ислом ба хотири ҳоким сохтани фарҳанги ҳаё ва покдоманӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна лағзиш ва каҷравиҳое, ки дар фасли ҷавонии инсонҳо мумкин аст рух бидиҳад, ташвиқ ва тарғиби фаровоне дар анҷоми издивоҷ ва таъсиси хонавода мекунад. Қурони Карим ба унвони як дастури муҳим афроди ҷомеаро вазифадор мекунад, ки дар масъалаи анҷоми издивоҷ ва ташкили хонавода барои касоне, ки ҳамсар надоранд талоши зиёд кунанд. «Мардони безан ва занони бе шавҳарро ба никоҳи якдигар дароваред ва аз фақр матарсед, ки агар мард ва зане фақир бошанд Худованд ба лутфи худ ононро бениёоз хоҳад намуд. Худованд ба аҳволи бандагон огоҳ ва раҳматаш бисёр васеъ аст”. (Сураи Нур ояти 32). Матлаби муҳимме, ки аз ин оят истифода мешавад ин аст, ки Худованд ҳамаи афроди ҷомеаро мухотаб қарор дода ва ба онҳо мегӯяд барои ҷавонон шароити издивоҷро фароҳам кунанд. Ҳифзи покдомании ҷавонон дар ҳақиқат ҳифзи солим мондани ҷомеа аз тамоми ҷиҳатҳо мебошад. Зеро рукни асосии як ҷомеаро афроди солим ва бо иродаи он ҷомеа ташкил мекунад. Издивоҷ як суннати деринаи иҷтимоӣ аст, ки дар байни тамоми ақвом ва миллатҳои мазҳабӣ ва ғайри мазҳабӣ вуҷуд дошта аст ва дорад. Дар ин паймони муқаддас завҷайн яъне зану мард зиндагии муштаракеро таъсис карда ва паймон мебанданд, ки дар канори якдигар бимонанд. Издивоҷ барои инсон як ниёзи табиӣ аст, ки аз офариниши махсусе сарчашма мегирад. Чунонки инсон ба обу ғизо ниёз дорад, дар синни махсусе ба издивоҷ ҳам ниёз дорад. Ҳар писар ва духтар баъд аз расидан ба балоғат эҳсос мекунад, ки ба ҷинси мухолифи худ рағбат ва тамоюл дорад ва хостори висоли ҳамдигар ҳасдтанд. Издивоҷ як хостаи табиӣ аст, ки ҳамаи ҷомеаи башарӣ ва адёни осмонӣ онро қабул намудаанд. Махсусан Ислом пайравони худро ба издивоҷ даъват намуда аз муҷаррадию беҳамсарӣ барҳазар медорад. Издавоҷ на танҳо бад нест, балки аз дидгоҳи Ислом амри мусатаҳаб ва дар баъзе маворид воҷиб мебошад. Агар бо қасди қурбат анҷом гирад ибодат ба ҳисоб меояд. Паёмбари гиромии Ислом ва хонадони покаш дар бораи издовоҷ таъкид ва супориши фаровоне кардаанд. Паёмбари Худо фармудаанд: “Ҳеҷ биное дар Ислом бунёонгузорӣ нашуда аст, ки назди Худо маҳбубтар аз издивоҷ бошад”. Имом Содиқ (а) фармуд: “Ду ракъат намозе, ки шахси ҳамсардор мехонад савобаш бештар аз ҳафтод ракъате аст, ки инсони муҷаррад ва беҳамсар мехонад”. Фоидаи издивоҷ Издивоҷ ва таъсиси зиндагии муштараки хонаводагӣ яке аз беҳтарин ва муҳимтарин расми иҷтимоии инсонҳо аст, ки аз фитрат ва офариниши онҳо сарчашма мегирад. Суннате аст бисёр муқаддас ва муфид, ки мавриди қабули инсонҳо дар тӯли таърих буда аст. Издивоҷ аз заруриёти зиндагии инсонӣ ба шумор меравад ва тарки он як кори бад ва хориҷ шудан аз суннати иҷтимоӣ ба ҳисоб меояд. Издивоҷ агар бо андеша ва бар тибқи меъёорҳои саҳеҳ анҷом бигирад, фоида ва манфиятҳои муҳиммеро дар бар дорад, ки ба бархе аз онҳо ишора мекунем: 1 -Мустақил шудан Духтару писар пеш аз издивоҷ узви хонаводаи падару модар ва тобеи онҳо мебошанд. Онҳо табиатан хоҳони истиқлоланд, лекин аз ин ҳақ маҳрум ҳастанд. Аксаран ҳосили касбу корашон сарфи хонавода мешавад, ки худашон низ аз он истифода менамоянд. Дар тасмимгириҳо истиқлол надоранд ва ночор аз қонунҳое, ки ба воситаи падару модар дар хонвода ҳокимият дорад, пайравӣ намоянд. Аммо ба воситаи издивоҷ зиндагии духтару писар дигаргун мешавад, ки шакли тозае ба худ гирифта ва истиқлол меёбад. Дар ин зиндагии нав духтару писар, зан ва шавҳари якдигар шуда ва як хонаводаи хурди иҷтимоиро ташкил медиҳанд. Масъулият мепазиранд ва ба истиқлол мерасанд. Зиндагии онҳо ҳадафдор шуда ва ҳосили касбу корашон ба хонаводаи навбунёдашон тааллуқ дорад. Масъулияти идораи хонаводаи тозабунёдро ба ӯҳда гирифта ва худ тасмимгиранда мешаванд. Ба оҳамин сабаб дар ҷомеа аз афроди соҳибназар ва соҳибистиқлол хоҳанд шуд. 2 Унс ва оромиш Яке аз хусусиятҳо ва ниёзҳои табии инсон унсу муҳаббат ва улфат аст. Танҳо зиндагӣ кардан бисёр душвор ва дарднок аст. Инсон ба инсони дигаре ниёз дорад, ки амин, дурусткор, ғамхор, меҳрубон ва рознигаҳдор бошад, то бо ӯ унс бигирад ва дарди дил кунад. Розҳояшро дар миён гузорад ва аз таслиятҳо, дилҷӯиҳо ва ғамхориҳояш баҳраманд гардад. Бо ин васила осудагӣ ва оромиши хотир пайдо кунад. Беҳтарин фарде, ки метавонад ин ниёзи табииро таъмин кунад ҳамсар аст, чӣ зан бошад чӣ мард. Ҳамаи муҳаббатҳо ва дӯстиҳо мувақат аст, ба ҷӯз дӯстӣ ва муҳаббат байни зану мард, ки доимӣ ва беҳад аст. Чун як хонаводаро ташкил медиҳанд ва ҳадафи муштарак доранд ва беш аз ҳар фарди дигаре ба якдигар ниёзманд мебошанд. Оромиш ва осудагие, ки дар асари издивоҷ ҳосил мешавад он қадар муҳим аст, ки Худованди Мутаол онро ба унвони яке аз оёти бузург муаррифӣ намуда мефармояд: Яке аз оёти илоҳӣ ин аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҷуфтеро биёфарид то бо ӯ унс бигиред ва оромиш биёбед ва дар байни шумо дӯстӣ ва меҳрубонӣ қарор дод ва дар ин амр барои афроде,ки аҳли тафаккур бошанд, оёт ва нишонаҳое вуҷуд дорад. Дар ин оят оромиш ва осудагии нафс ба унвони бузургтарин натиҷаи издивоҷ муаррифӣ шуда аст. Ва ҳақиқатан ҳам чунин аст. Дуруст аст, ки дар издивоҷ фоидаҳои дигаре аз ҷумла баровардани нёзи ҷинсӣ вуҷуд дорад, аммо бузургтарин ва арзандатарин фоида ҳамон оромиши хотир ва осудагӣ ва дилгармӣ аст, ки барои зану мард дар асари издивоҷ ҳосил мешавад. Ба ҳамин ҷиҳат метавон гуфт, ки беҳтарин неъмате, ки насиби як инсон мешавад ҳамсари шоиста аст. 3 -Покдоманӣ ва дурӣ аз гуноҳ Дар асари издивоҷ ғаризаи ҷинсӣ, ки яке аз нерӯмандтарин ғаризаҳои инсонӣ аст, дар масири табиии худ қарор мегирад ва аз инҳирофу гуноҳ пок мемонад. Ғаризаи ҷинсие, ки дар вуҷуди ҳар инсоне наҳуфта аст, бисёр қавӣ аст, ки агар дуруст ҳидоят шавад ва дар масири воқеӣ ва табиӣ қарор гирифт, на танҳо зиён надорад, балки фоидаҳои фаровонеро ҳам бо худ меоворад. Агар василаи саҳеҳ барояш фароҳам нашуд, мумкин аст инсонро аз роҳи табиӣ хориҷ созад ва ба гуноҳ ва инҳироф олуда созад. Танҳо роҳи табии ва қонӯнии таъмин кардани ин ғариза, издивоҷ ва ташкили хонавода аст. Дар сурате, ки инсон издивоҷ карда бошад ва роҳи қонунӣ ва дурусти ирзои ғаризаи ҷинсиро дар ихтиёр дошта бошад, баъд аз он бо нерӯи имон метавонад покдомании хешро нигоҳ дорад ва худро аз гуноҳон ҳифз кунад. Аммо барои касе, ки издивоҷ накардааст, нигаҳдории нафс ва контроли ғаризаи ҷинсӣ бисёр душвор аст. Бинобар ин издивоҷро метавон ба унвони як омили муҳимми ҳифзи дин муаррифӣ кард, ки дар аҳодис низ ба ин матлаб ишора шуда аст. Расули Худо (с) фармуд: Касе, ки иқдом ба издивоҷ кард нисфи дини худро ҳифз карда аст ва ба василаи риояти тақво дар ҳифозати нисфи дигари дини худ талош кунад. Паёмбари гиромии Ислом(с) фармуд: Ҳар кас мехоҳад, ки пок ва покиза Худоро мулоқот намояд, бояд издивоҷ кунад. Паёмбари гиромии Ислом(с) фармуд: “Эй гурӯҳи ҷавонон! Ҳар як аз шумо, ки метавонад издивоҷ кунад дар ин бора иқдом намояд, зеро ба василаи издивоҷ метавон чашм ва доманро аз гуноҳ боздошт ва ҳар кас, ки тавоноии издовоҷро надорад, рӯза бигирад, зеро рӯза шаҳватро камтар мекунад”. 4 -Таваллуд ва зиёдии насл Яке аз самараҳои бузурги издивоҷ вуҷуди фарзанд ва бақои насли одамӣ аст. Таваллуд ва зиёдии наслро набояд кам ва бе аҳамият шуморид, зеро ҳадафи офариниши ҷаҳон, вуҷуди инсон ва парваришу такомули oн мебошад. Парвариши инсонҳои Худопараст муваҳҳид ва некӯкору солеҳ, мақсуди Худованд аст. Аз дидгоҳи Ислом фарзанди солеҳ барои падару модар як амали солеҳ ба ҳисоб меояд, ки дар саодати дунё ва охирати онҳо таъсиргузор хоҳад буд. Вуҷуди фарзанд падару модарро дилагарм ва ҳадафдор мекунад ва ба зиндагӣ сафо ва ҳаракату равнақ медиҳад. Ба ҳамин ҷиҳат таваллуд ва зиёдии насл дар аҳодис ба унвони яке аз ҳадафҳои издивоҷ ёд шуда аст. Паёмбари гиромии Ислом(с) фармуд: “Издивоҷ кунед, то соҳиби фарзанд шавед ва бар теъдоди шумо афзуда шавад, зеро ман дар қиёмат бо умматҳои дигар ба василаи бисёрии шумо мубоҳот мекунам. Ҳатто ба василаи фарзанде, ки сиқт шуда бошад”. 5- Саломат ва амнияти иҷтимоӣ Издивоҷ ва таъсиси хонавода барои саломат, амният ва саодати ҷомеа низ зарурӣ аст. Агар бунёди хонаводаҳо мустаҳкам бошад ва ҷавонҳо ба мавқеъ издивоҷ кунанд ва ба хонавода дилбаста бошанд, ба таври осоне фасодҳо, беҳудагардиҳо, саркашиҳо, қатлу дуздиҳо, ҷиноятҳову ноамниҳо, таҷовузҳо ва худкушиҳо камтар хоҳад шуд. Зеро чунон ки омор нишон медиҳад, бештари ин корҳо аз афроде сар мезанад, ки аз робитаҳои гарми хонаводагӣ маҳруманд. Пас издивоҷ ва ташкили хонавода барои амният ва саломатии ҷомеа нақши муҳимме дорад. Хонаводаи намуна