Омилҳои ташкилдодани зиндагии ширин
Омилҳои ташкилдодани зиндагии ширин
0 Vote
94 View
Инҷо чанд матлабро ки аз бузургтарин ва муҳимтарин сабабҳо ва муқаддимот дар ташкил додани як зиндаги муштараики хуб ва мувафақ аст хидмати шумо дӯстони азиз ба таври кӯтоҳ матраҳ мекунем ва баъзе сабабҳое, ки ба ин конуни гарми зиндаги зарар мезанад ишора мекунем ва сипас ба шарҳи он мепардозем. Омилҳо ва сабабҳое, ки метавонад зиндагии моро ширин ва гарм гардонад иборатанд аз: 1- Ҳамтоифа ва ҳамқавм будани арусу домод: барои ташкили зиндагии ширин бояд духтару писар аз як қавм бошанд агар аз ду тоифаи гуногун бошанд мизони якдигар фаҳмии онҳо дар масъалаҳои зиндагӣ кам мешавад ва далели он ин аст, ки дар ҳар тоифау қавм як гуна ақоид ва русум шакли урфӣ ба худ гирифтааст , ки мумкин аст дар қави дигар набошад . Ва агар домоду арус аз ду қавму қабила гунонун бошанд имкон дорад, ки дар зиндагии онҳо ноҳамоҳангӣ ба вуҷуд ояд ва қодир ба ҳали он нашаванд ва сабаби ихтилоф гардад магар ин ки ҳар ду аз як табақаи ҷомеа ба ҳисоб оянд. 2. Пойбандии хонаводаи ду тараф ба масъалаҳои динӣ ва эътиқодӣ: Ҳар қадар дар ду нафар ва хонаводаҳои духтару писар аз ҷиҳати эътиқодӣ ва фарҳангию мазҳабӣ бо ҳам наздику муштарак бошанд зиндагии солим хоҳанд дошт. Агар Худои накарда ихтилоф ва тафовутҳои кучаку бузурги рӯҳю фикрӣ ва маишатӣ бо хонаводаи худ дошта бошанд, зиндагиашон аз ҳади эътидол ва оромиш халалдор мегардад аз ин сабаб ба назар мерасад ки хонаводаи ду тараф бояд аз назари диннӣ ва эътиқодӣ ба ҳам ҷиҳат ва баробарӣ бархурдор бошанд, зиндагии ин ду нафар оқилонатар мегардад. 3. Миқдори ихтилофи синнӣ зану шавҳар дар издивоҷ: Баъд аз инки духатару писар ба ҳади балоғати ақлию шаръӣ ва ба ғояти рушди фикрию ҷисмӣ расиданд яъне ба ҳадде, ки худашон битавонанд зиндагии худро идора намоянд. Масалаи баъди барои ташкили зиндагии солим, ин мизону миқдори синни онҳо мебошад дар ин масъалаи син, муҳим ва таъсиргузор ин аст, ки мард бояд бузӯргтар аз зан бошад. Аммо ихтилоф чи қадар бошад дар ин бора метавон ба ҳадисҳои ишора кард ки ба зебои матраҳ шудааст, то ин мушкилро бар тараф созанд ва он ин аст, ки зан бояд ҳудуди як ё ду сол аз шавҳар кучактар бошад ва ин намунаи равшани як ҳукми исломӣ аст. Ин масъала амри муҳим дар издивоҷ аст ки агар ба масъалаи син таваҷҷуҳ нашавад мушкилоти зиёнбореро дар пай хоҳад дошту зарари он ба ҳар ду тараф мерасад. Агар ихтилофи синнӣ зиёд бошад мумкин аст ҳарду тараф қодир ба фаҳми навъи фикрию андешаии ҳам нашаванд ва тақрибан ҳамеша ба баҳс ва кашмакаши фикрию лафзӣ бо якдигар машғул гарданд. Ва сабаби нохушӣ дар зиндагии муштаракашон шавад. Албата ин қонун кулият надорад чаро, ки дар гузари таърих ба мавриде бар мехурем, ки аз инқонуни кулли пайравӣ нашуда ва намунаи равшанаш издивоҷи Пайғамбари Акрам (с) бо модарамон ҳазрати Хадиҷа (рз) аст, ки тибқи баъзе ривоятҳои таърихи, Пайғамбар (с) 25 сол ва ҳамсараш 40 сол доштааст агарчи дар баъзе ривоятҳо умулмуъминин Хадиҷаро дар он ҳангом камтар аз 40 сол баён кардаанд. 4. Ҳаммақсад ва ҳадафи муштарак доштан он ду дар ташкили зиндагӣ: Ончи шариати Ислом дар мавриди ташкили зиндагӣ ба он амр ва роҳнамоӣ намудааст дури кардан аз зиёда равиҳо аст. Ҳадаф аз зиндагии заношуиро дар пешрафти моддию маънавӣ ҳар ду тараф дониста аст то дар оянда ҳаёти абадии он ду ба зеботарин ва дурустарин шакли мумкин табдил гардад. Вале агар ҳар кадом аз зану шавҳар ҳадафи ҷудои дар назар дошта бошанд, ки дар муқобили мақсад ва хостаи дигари бошад, ба ҷои расидан ба камол ба худ зарар зада ба ҳадафи асли ва камол ва шодии руҳу ҷони намерасанд, Ба унвони мисол, зану шавҳар наметавонанд бо ду дидгоҳи гуногун, ки яке дар фикри модигароёнаи маҳз ва тарафи дигар бо дидгоҳи маънавии маҳз нисбат ба зиндагӣ дар канориҳам даврони ва хушиҳои хуб ва мувафақеро пӯшти сар гузаронанд. 5. Мизони илму дониши ду тараф: Ин баробарӣ ва аз як табақаи фикрӣ ва дараҷаи илми дар раванди зиндагӣ таъсир дорад. Ба унвони мисол, маъмулан як духтари деҳотӣ наметавонад зиндагии мувафақеро бо як писари шаҳрӣ дошта бошад, зеро маъмулан деҳотиҳо аз сатҳи илмию дониши кофи мисли шаҳриҳо бархурдор нестанд. Вале дар шаҳр бо вуҷуди донишу илм санъатҳои донишгоҳи ва ҳамчунин иттилоъ расонии фарогиру ҳама ҷониба, сатҳи фикрии ҷавонон афзоиш ёфта, доим дар пайи баҳсу мунозира бо якдигар ҳастанд, чи дар масъалаҳои сиёсӣ , иқисодӣ, иҷтимоӣ, ва ….. . Албата Ҷавонони шахрӣ хам мисли чавони деҳотӣ руҳу равони ороме надорад чун як ҷавони деҳотӣ, ки аз покию садоқати хоссе бархурдор асту табъи ором дорад шояд чандон таҳамули баҳсу мушоҷира бо дигаронро надорад агар хамараш шахрӣ бошад у ба тавони мушочирахои ончунонӣ бо ҳамсари худро дар хона надошта бошад, зеро рӯҳи деҳотӣ нисбат ба шаҳрӣ бисёр нарму латиф аст, ва далелаш рушду бузӯрг шудани ӯ дар муҳити пӯр аз оромишу сукун ва ба дур аз ҳар гуна даргирӣ ва мушоҷираҳои ончунони миёни мардуми шаҳр нишин аст. 6. Сатҳи дороии молӣ ва иқтисодиёти падару модари ҳар ду нафар: Агар баробарии дороӣ ва молӣ миёни хонаводаҳо барқарор набошад, яке бар дигарӣ фахр мекунаду сарватманд будани худашро ба руи дигарӣ мекашад. Эҳтимоли бисёр зиёд дорад, ки пас аз як муддат, корашон фахр фурушӣ ба ҳамдигар шавад ва агар ин равиши бад ривоҷ ёбад, онҳо ба ҷои пардохтан ба зиндагии худ тамоми диқату ғамашон беҳуда барои иқтисоду маъишати хонаводагиашон мешавад ва имкон дорад ба бахотири ин ба сафарҳои кории дарозу тулонӣ барои ҷамъовари моли дунё, даст бизанад ва аз таваҷҷуҳ ба зиндагии худ боз монад ки ба ҷои осоиш бахшидан ба зиндагии ширин ва равони худро даргири мусобиқаи иқтисоди шаванд . 7-Баробари тавону таҳаммули ду тараф дар муқобили фишорҳое, ки аз зиндагии муштараки онҳо пеш меояд: Албата бояд диққат намуд мушкилоте, ки дар пайи зиндагӣ ва ҳаёт пеш меоянд, ин мушкилот инсонсоз мебошанд ва ҳам сабаби таҷрба омӯхтан барои ду нафар мегардад. Ва албатта истиқомату сабр дар баробари онҳо аҷру подоши охиратӣ хам дорад. Гоҳе дар зиндагии муштарк мумкин аст, мушкил ва дарду ғам пеш ояд, ки яке пуртоқат ва ё бепарво бошад ва дигари камтоқат ва нотавон , ки дар баробар он тавон ва тоқати хубро надошта бошад. Дар натиҷа тамоми фишорҳо ва ғаму ғуса ба рӯи он тарафи меафтад, ки аз лиҳози сохтор ва сомонаи руҳию равони, қудрати таҳамули масоили бештариро дар худ надорад ва дар ниҳоят ин фард ҳам ба далели онки ҳамсараш наметавонад дар таҳамули мушкилот бо вай ҳамоҳанг ва ҳам даст бошад тавони худро аз даст дода ва ҳар ду нафар зиён мебинанд. Шояд хам ин мукилот ва нобаробраӣ дар баробари таҳаммули мукилот хотири ноумед аз зиндагӣ мегарданду зиндагии солиме нахоҳанд дошт. 8. Имконоти молии ду тараф барои ташкили зиндагии заношӯи: Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки Ислом на исрофкориро меписандад ва на бахилиро . Ба иборати дигар на маросими издивоҷҳо пурхарҷ ва зарқу барқ , ба хотири харҷашон муваффақ буда ва на издивоҷҳое, ки аз рӯи эҳсосоту авотиф ва бидуни дар назар доштани ҳадди ақал аз имконоту рафоҳ сурат гирифта аст . Бояд ақлро хуб ба кор гирифт зеро дар ривоят омадааст,ки бо тавакул зонуи шутурро бибанд агр шахсе бигӯяд ман издивоҷ мекӯнам ва Худо худаш мерасонад , ва хеч талошу чаҳд накунда ин як тафакури бисёр хато аст зеро Худованд аз инсон кушишу талош мехоҳад “аз ту ҳаракат аз Худо баракат “ гуфтаанд ва аввалин неъмати Худодӣ бе шак ҳамон ақли солим аст, бояд ки инсон онроба кор гирад ва бо талош, заҳмату фаъолият аст, ки зиндагиӣ ширину ақлонӣ мегардад. Бинобар ин шавҳар бояд битавонад то ҳади кифоят харҷу махориҷи хонаводаро таъмин кунад. Ва талошу кушиш дар пайи ба дастовардани рузӣ барояд вакте талоши худро шавхар анчом дод ин ҷо аст, ки агар шахс даст ба ин амри илоҳи бизанад Худованд низ рузияшоро ато хоҳад фармуд чаро, ки Худованди манон кӯшишу фаолияти уро мебинад ва тибқи ояти илоҳӣ ҳамон талош барои дарёфти аз ҷониби ёрӣ ва мусоидат аз тарафи Худованд басанда аст. 9. Умед ва таваккул ба Худо доштан: Ба ақидаи бисёре аз мардум, таваккул аз тамоми масъалаҳое, ки ба онҳо ишора рафт муҳимтар аст ва дар рутбаи болотари ҷои дорад ва ба забони дигар чи хуб аст дар канори вақт гӯзоштан рӯи так- таки ин масъалаҳо, бештар ба фикри таваккул бар Худои буд, ки офаридгори хама Ӯ аст ва аз лояҳои вуҷудии мо ва розҳои ниҳои мо огоҳ мебошад; ин имону умед ба Худо аст, ки дар инсон нерӯи дарунӣ мебахшад ва зиндагии ӯро маъно медиҳад. Чун Худованд қодир ва тавоно ба ҳамаи чиз аст. Издивоҷ низ амре аст, ки агар онро ба Парвардигори қалбҳоямон биспорем Ӯ ба зебоӣ ҳунари худ ва вазифашро ба намоиш ва анчом медихад ва афроди ҳам куффро ва ҳамсатҳро дар канори ҳам қарор медиҳад; Хотима Ончи зикр шуд баъзе аз воқеиятҳои ҷомеа аст ва бояд дар ин ҷомеа дар миён, сустии эътиқодӣ ва меъёрҳои нодурусти издивоҷ, кушиш кунед дар марҳалаи аввал оқил бошед ва сипас интихоби ҳамсар ва шарики зиндагии худро намоед то зиндагиятон ширину оқилона ва ошиқона гардад. Манбаъ: Хонаводаи намуна