Муҳаммад (с) Паёмбари башарият
Муҳаммад (с) Паёмбари башарият
Author :
Interpreter :
Number of volumes :
1
Publisher :
Publish number :
Аввал
Publication year :
2011
(0 Votes)
(0 Votes)
Муҳаммад (с) Паёмбари башарият
Дар ин китоб мехонед : Васфи ахлоқи Паёмбар (с) Дар бораи васфашон чунин гуфтаанд: Зоҳири тобнок ва чеҳраи нурони дошт, дорои нуре буд, ки вайро бартари мебахшид, гомҳояш дар ҳади ниёз буд ва орому бовиқор бо қадамҳои устувор роҳ мерафт, чашмонашро пойн меандохт, ва ба замин бештар аз осмон назар мекард. Агар бо касе рӯбару мешуд дар салом кардан аз у пеши мегирифт, бидуни ниёз суҳбат намекард, суханашро бо номи Худо оғоз мекард ва бо номи Худо ба поён мерасонд, суханонаш шумурда шумурда ва қотеъ буд ва дар суханонаш беҳудагӯи ва нуқсон роҳ надошт. Фасеҳу балиғ суҳбат мекард, сухани беҳуда намегуфт, ва бе фоида лаб ба сухан намекушод, ҳаргиз аз хуроке бадгуӣ намекард ва ҳеҷвақт ба хотири корҳои дунё, ё ба хотири шахсияти худаш хашмгин намешуд, ва ба хотири худаш интиқом намегирифт, вақтоки хушҳол мебуд чашмонашро поин меандохт ва хандаҳояш табассум буд. Некуманзартарин, зеборуйтарини мардумон буд, дар бахшиш аз фақр намеҳаросид ва ҳаргиз аз вай чизе талаб нашуд, ки ҷавоби рад диҳад ва ҳаргиз дар байни ду амр мухайяр нашуд, магар инки осонтарини он дуро бармегузид, албатта дар сурате ки нофармони Худо дар он набуд. Ҳазрати Оиша (р) мегӯяд: Ахлоқаш Қуръон буд. Ҳазрати Али (р) дар тавсифи Паёмбар мегӯяд: ҳар кас бо у ошно мешуд дӯсташ медошт. ва ... Манбаъ : donishtj