Омӯзиши рӯхонии Қуръони Карим

Омӯзиши рӯхонии Қуръони Карим

Омӯзиши рӯхонии Қуръони Карим

Publication year :

2013

Publish number :

чопи аввал

Number of volumes :

1

(0 Votes)

QRCode

(0 Votes)

Омӯзиши рӯхонии Қуръони Карим

Баноми Худо

قَال رسول الله صلی الله علیه و آله و سلم" مَا مِن مُؤمِنٍ؛ ذَکَرٍ اَو اُنثَی؛ حُرٍّ اَو مَملُوکٍ اِلَّا وَ لِلّهِ عَلَیهِ حَقٌّ وَاجِبٌ اَن يَتَعَلَمَ مِنَ القُرآنِ وَ یَتَفَقَّهُ فِیهِ"

Пайғамбари Акрам (с) фармуданд: Ҳеҷ мард ё зани мӯъмине нест хоҳ озод бошад ё каниз, магар инки Худованд ҳаққи воҷиб (бар гардани ӯ) дорад ва он инки Қуръонро биёмузад ва дар маънои он андеша кунад.[1]  Ё дар ҳадиси дигаре ҳазрат фармудаанд: “خَیرُکُم مَن تَعَلَمَ اَلقُرآنَ وَ عَلَمَهُ”

Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро биёмузад ва ба дигарон ёд бидиҳад.[2]

Дар бораи ҷойгоҳ ва азамати Қуръон ва зарурати омухтан ва омузондани он барои ҳар марду зани мусулмон ҳадисҳои зиёде аз Пайғамбари Аъзам (с) ба мо расидааст. Ин марҳала илова бар доштани подошҳо ва баракатҳои фаровон бояд муқаддимаи амал ва зиндагӣ кардан бо ин китоби илоҳӣ бошад то дар дунё ва охират саодатманд гардем иншоаллоҳ.

Барои фаҳмидани маънои Қуръон пеш аз ҳар чиз бояд аввал бо хондани он ошно шавем, чун Қуръон бо забони арабӣ аст ва то бо қоидаҳои он ва хондани он ошно нашавем наметавонем маънои онро бифаҳмем. Пас аввал ошноӣ бо чигуна хондани он лозим аст.

Ин китоб чигунагии ёдгирии аломатҳо ва қоидаҳои хондани Қуръонро ёд медиҳад, ки иншоаллоҳ ба осонӣ ояҳои Қуръонро хонда метавонед.

Бояд ёдовар шавем, ки дар аввали ҳар дарс барои инки аз суханони гуҳарбори Расули Худо(с)баҳраманд шавем як ҳадис дар фазилати Қуръони Карим ва ёд гирифтан ва хондани он ва баракатҳои он дар дунё ва охират овардем.

Аз ҳамаи бародароне ки инҷонибро дар таҳияи ин китоб кӯмак ва роҳнамоӣ намудаанд сипосгузорӣ мекунам ва барои ҳама аз даргоҳи эзади маннон орзӯи тавфиқ дорам.

 
[1] . Тафсири Равҳул- ҷинон, ҷ. 1, с. 549.
[2] . Саҳеҳ Бухорӣ, китоби фазоили Қуръон, б. 21, с. 2029.