Фазилати садақа

Фазилати садақа

Фазилати садақа

Publish number :

Аввал

Publication year :

2009

Publish location :

Эрон - Қум

Number of volumes :

1

(0 Votes)

QRCode

(0 Votes)

Фазилати садақа

Ислом як дини густарда ва комиле аст, ки аз анвои роҳҳо барои баровардани ҳадафҳои худ, ки ин ҳадафҳо дар ниҳоят боз барои худи инсон аст, истифода карда аст. Садақа, ки яке аз барномаҳои иқтисодии ин дини бузург аст ва барои решакан кардани фақр дар ҷомеа поярезӣ шудааст ва Худо ва Паёмбари Аъзами ӯ хостаанд то мардум танҳо ба фикри худ набошанд, балкӣ дар фикри дигарон низ бошанд, ин барномаи дар воқеъ иқтисодиро матраҳ кардаанд. Вале ин барномаи иқтисодӣ танҳо ба ҳамин як ҳадаф мунҳасир ва маҳдуд намешавад, балки ҳадафҳои дигаре монанди тарбият аст. Яъне Худо ва Расули ӯ илова бар ин, ки мехоҳанд ба фақирон кумак кунанд ба шахси садақадиҳанда низ ёрӣ намоянд. Ёрӣ он аст, ки  ӯро аз ин роҳ тарбият намоянд ва бифаҳмонанд ки, фақат худам нагӯ дигарон низ ҳастанд, ки ин худхоҳӣ аст ва худхоҳӣ аз назари ислом як сифати нописанд мебошад. Худо ба ту молу мулк дода мехоҳад аз ин роҳ туро имтиҳон кунад, ки дар моли худ ниёзмандон ва фақиронро низ шарик хоҳӣ кард  ё не!. Дар ин роҳ аз анвои тарғиб ва ташвиқҳо истифода карда то инсонҳо шавқ ба садақа додан пайдо кунанд. Масалан гуфтааст, садақа додан умрро зиёд ва ризқро фаровон мегардонад, беморонро шифо мебахшад, ва ғазаби Худоро хомӯш мекунад ва аз ҳафтод навъ марги бад нигоҳ медорад ва ғайра.