Ҳафтод ҳадис дар фазилати Амири мўъминон Алӣ
Ҳафтод ҳадис дар фазилати Амири мўъминон Алӣ
Author :
Publisher :
Publish number :
Аввал
Publication year :
2008
Number of volumes :
1
(0 Votes)
(0 Votes)
Ҳафтод ҳадис дар фазилати Амири мўъминон Алӣ
Китобе, ки аз назар мегузарад, яке аз осори арзишманди орифи комил, олими фозил, солики раббонӣ Мир Саййид Алӣ ибни Шаҳоби Ҳамадонист, ки ошиқи мақоми вилоят ва имомати мавлои муваҳҳидон Амири мўъминон Алӣ ибни Абўтолиб (алайҳис салом) буда ва ҳамаи фазоил, каромот ва камолоти инсониро дар вуҷуди мубораки он ҳазрат ҷамъ медидааст. Вақте ки аз ин орифи воломақом пурсиданд, ки аз кадомин шаҳрӣ? Дар ҷавоб гуфт:
Пурсид азизе, ки Алӣ аҳли куҷоӣ?
Гуфтам ба вилояти Алӣ аз ҳамадонам
Не з-он Ҳамадонам, ки надонанд Алиро
Ман з-он Ҳамадонам, ки Алиро ҳама донам
Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ аз фарзандони ҳазрати Имом Зайнулобидин (алайҳис салом) аст, ки бино бар нақле бо ҳафдаҳ восита ба шаҷараи вилояти Алӣ ибни Абўтолиб (алайҳис салом) мепайвандад ва модараш ба номи Фотима аз алавиййон ва хоҳари Алоуддавлаи Симнонист.
Саййиди Ҳамадонӣ аз урафои бузурги ислом ва аз мафохири арзандаи эронзамин аст, ки бисёре аз камолот ва сафои ботинро дар ҳадди аъло доро ва дар айни ҳол ба зевари илм, адаб, шеър ва дониши фаровон ороста будааст