Ҷойгоҳи зан дар Ислом

Ҷойгоҳи зан дар Ислом

Ҷойгоҳи зан дар Ислом

Publish number :

Аввал

Publication year :

2012

Number of volumes :

1

(0 Votes)

QRCode

(0 Votes)

Ҷойгоҳи зан дар Ислом

Дар ин замон мубориза бар зидди ислом аз тарафи душманони он ва ҳатто аз тарафи мусулмонзодагон ва дустони нодони Ислом хеле зиёд шудааст. Ҳар камбудие, ки имрӯз дар ҷомеаи мо ва ҷомеаҳои гирду атроф нисбат ба ҳуқуқи зан мешавад, мегӯянд, ки ин аз сабаби таълимоти исломист. Гӯё ислом гунаҳкор аст, ки бо занон чунин муомилаи бад сурат мегирад. Ва гуё тибқи шариати ислом занон ҳаққи интихоби шавҳар, ҳаққи таҳсил, ҳаққи кор надоранд ва раъяшон дар умури оиладорӣ ҳеҷ эътиборе надорад ва умуман онҳо ҷойгоҳи муносиб ва ҳақи ҳаёти шарофатмандона дар зиндагӣ надоранд. Мавҷуд будани хушунат дар оила, таҳқиру лату куби зан, талоқҳои бесабаб ва аз ҷониби падарон манъ кардани таҳсили духтарони ба балоғатрасида, ин ҳамаро аз ислом медонанд ва мутаассифона чунин бардошти ғалат мекунанд, ки гуё ислом ҷойгоҳи занонро дар ҳаёт нисбат ба мардон хеле пойин қарор додааст.