Ноибони Имоми Замон алайҳис-салом
Ноибони Имоми Замон алайҳис-салом
0 Vote
4 View
Ноибони Имоми Замон алайҳис-салом
Имоми Замон алайҳис салом ноиб ва вакилоне доштанд, ки дар даврони ғайбати суғро байни он ҳазрат ва мардум робита барқарор мекарданд ва ахбори мардумро ба он ҳазрат мерасонданд ва ахбори имомро ба мардум. Мо хостем назари аҳли суннатро нисбати онҳо баррасӣ кунем ва вақте дар ин амр ҷустуҷў кардем ба ин натиҷа расидем, ки танҳо аз як нафари онҳо, баъзе аз риҷолиюни аҳли суннат сухан гуфтаанд. Пас мо баъд аз зикр асомии ҳар як аз ноибони Имоми Замон алайҳис-салом, ки ба муддати 70 сол ҳар кадом баъд аз дигарӣ бо Имоми Замон алайҳис салом робитаи мустақим доштанд ва аз бузургоне буданд, ки ба хотири ҷалолаташон буд, ки ин амр бар ўҳдаи онҳо гузошта шуд, назари Заҳабиро зикр хоҳем кард.
1-Ноиби аввали Имоми Замон алайҳис салом Усмон ибни Саиди Амрӣ буда, ки ў қалб аз он аз асҳоб ва вакилони ҳар як аз Имоми Ҳадӣ ва Имоми Аскарӣ низ буда аст.
2-Писари ноиби аввал Муҳаммад ибни Усмон ва ў ҳудуди 40 сол ноиби он ҳазрат баъд аз падараш буда ва дар соли 303-304 аз дунё рафта аст.
3-Ноиби севвуми Имоми Замон алайҳис салом Ҳусайн ибни Рўҳи Навбахтӣ буда ва ў дар соли 326 аз дунё рафта.
4-Ноиби чаҳоруми он ҳазрат Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ буда, ки дар соли 329 аз дунё меравад ва Имоми Замон алайҳис салом ба ў амр мефармоянд, ки дигар баъд аз ў касе амри ниёбатро ба ўҳда намегирад, чун ин амру дастури илоҳӣ буда.
Заҳабӣ дар шарҳи ҳоли Ҳусайн ибни Рўҳ (ноиби саввуми Имоми Замон алайҳис-салом) менависад:
"Бузурги имомия ва касе, ки ноиби Имоми Замон буд. Ў шайхи солеҳ Абулқосим Ҳусайн ибни Рўҳ мебошад. Ибни Абитай дар таърихаш гуфта, ки Муҳаммад ибни Усмон (ноиби дуввум бо дастури Имоми Замон алайҳис-салом) ўро ноиби баъд аз худаш таъйин кард. Номаҳои зиёди мардум ба василаи ў ба имзои Имоми Замон расид, пас вақте Муҳаммад ибни Усмон аз дунё рафт ниёбат ба ин Ҳусайн расид...мардум хеле ақлу фаҳми ўро тавсиф (ситоиш) мекарданд. Ў пайваста дорои эҳтироми фаровоне буд, то ин ки Ҳомид ибни Аббос вазир шуд ва ўро баъд аз ихтилоф байнашон зиндонӣ кард... баъд Заҳабӣ мегўяд: Дар суханони ў чунон балоғат вуҷуд дошта, ки далолат ба фасеҳ будан ва комил будани ақлаш мекунад. Ў муфтии шиа ва пешвои онҳо буд ва ҷалолати аҷибе дошт.[1]
Заҳабӣ боз дар шарҳи ҳоли Шалмуғонӣ мегўяд: "Шалмуғонӣ, ки шахси фосиде буд (даъвои ҳулул мекард) Ҳусайн ибни Рўҳ (ноиби саввуми Имоми Замон алайҳис-салом) амру фасодкории ўро ба Имоми Замон гузориш кард".[2]
Чунон, ки мебинем Заҳабӣ, ки аз сарсахтарин душмани шиа аст ва душмани бо шиаро аз Ибни Таймия иср бурда дар ду китобаш ба таваллуд шудани ҳазрати Маҳдӣ ва фарзанди Имом Ҳасани Аскарӣ будани он ҳазрат эътироф мекунад ва дар еитоби дигараш ба ин ҳақиқат, ки Ҳусайн ибни Рўҳ ноиби Имоми Замон алайҳис салом буда ба ғайьати он ҳазрат эътироф карда ва муҳимтар аз он ин аст, ки ў ба унвон як шахси риҷолшиноси бузурги аҳли суннат, ки ҳар касе наметавонад дар ин мавзўъ ба ў баробар шавад, Ҳусайн ибни Рўҳ (ноиби саввуми Имоми Замон алайҳис-салом)-ро шахси солеҳ ва дорои ҷалолати аҷиб ва соҳиби ақли комил медонад.
Ёдовар мешавем, ки дар бораи афроде, ки Имоми Замон алайҳис-салом-ро дидаанд ахбори фаровон вуҷуд дорад ва ҳамчунин дар бораи ин ноибони чаҳоргона аҳодису ахбори фаровон ва саҳеҳ вуҷуд дорад, ки чанд намуна аз онро зикр кардем. Ахбори вуҷуди Имоми Замон алайҳис салом беш аз он аст, ки касе битавонад онро ҷамъоварӣ кунад. Пас куҷоянд муддаиёни дурўғини пайравӣ аст осор ва салафи солеҳ, ки ин ахбори фаровон ва бе ҳисобро надида мегиранд ва аз он гурезон ҳастанд ва ба ҷои таслим шудан дар баробари ҳақ аз паи баҳонаҷўӣ ва айбтарошӣ ҳастанд...!
Ва дар ин ҷо ишора мекунем, ки Ибни Таймия, ки дурўғу таноқузоти фаровоне дар китобҳояшон аз худ ба ҷо гузошта, суханони зишти зиёде дар ҳаққи Имоми Замон алайҳис салом гуфта ва ҳатто гуфта, ки муддаиёни дурўғини маҳдавият, низ аз ин Маҳдӣ беҳтар ҳастанд. Ва як ишколи асосие, ки ў карда ин аст, ки шахси ғоиб ҳеҷ фоидае бар ҷомиа надорад. Ба ин хотир хеле суханони зиште ба забон ҷорӣ кардаастМо мегўем:
Ин ишколоти Ибни Таймия баргашт бар Худованди бузург мекунад. Он чӣ мусаллам аст ҳазрати Хизр алайҳис салом бо гувоҳии сареҳи Қуръон аз чашми мардум ғоиб буда ва хизмати мардумро мекарданд. Ишколоте ки Ибни Таймия ба мўътақидон ба ғайбати Имоми Замон алайҳис салом карда, комилан шомили ин амри илоҳӣ, ки дар хусуси ҳазрати Хизр анҷом шуда, мешавад ва лизо ваъдаи мову Ибни Таймия ва амсоли ў пешгоҳи Парвардигори Мутаол аст.
Ибни Таймия худаш, низ мутаваҷҷеҳ буда, ки ин сухани зишташ шомили ҳазрати Хизр низ мешавад ва лизо гуфта аст, ки Хизр мурда ва аз дунё рафта аст. Ғофил аз ин ки бар фарзе, ки ҳазрати Хизр дар ҳоли ҳозир аз дунё рафта бошанд ҳам, магар дар замони ҳазрати Мўсо, ки Қуръон ба он ишора карда зинда ва ғоиб аз чашми мардум зиндагӣ намекарданд!?
Бояд диққат дошта бошем, ки ахбори фаровон бар зинда будани ҳазрати Хизр вуҷуд дорад. Пас Ибни Таймия пайваста бо он суханоне, ки дар ҳаққи Имоми Замон алайҳис салом гуфта ба ин тадбири Худованд ишкол карда ва онро аз бадтарину зиштарин корҳо шумурда аст. [3]
Баргирифта аз китоби Имоми Замон, Ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом, мунҷии башариятИлёс Қосимов











