Имоми замони ҳазрати Маҳдӣ (а)

Имоми замони ҳазрати Маҳдӣ (а)

Имоми замони ҳазрати Маҳдӣ (а)

Publication year :

2008

Publish location :

Аввал

Publish number :

Аввал

Number of volumes :

1

(0 Votes)

QRCode

(0 Votes)

Имоми замони ҳазрати Маҳдӣ (а)

Нигариши кӯтоҳе ба зиндагии чаҳордаҳ маъсум Қисмати чаҳордаҳум Зиндагии пешвои дувоздаҳум ҳазрати Имом Маҳдӣ (а)
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
قَالَ رَسُول الله - صلّی الله عليه وَ آله -: اِنِّي تَارِكٌ فِيكُمُ الثَّقَلَيْنِ: كِتَابَ الله،ِ وَعِتْرَتِي اَهْلَ بَيْتِي، مَا اِنْ تَمَسَّكْتُمْ بِهِمَا لَنْ تَضِلُّوا اَبَدًا، وَانَّهُمَا لَنْ يَفْتَرِقَا حَتیّ يرِدَا عَلَيَّ الْحَوْضَ.

Расули Худо(с) фармудаанд: Ман ду чизи гаронбаҳоеро дар миёни шумо аз худ боқӣ мегузорам: яке Китоби Худованд ва дигаре Итратам, Аҳли байтам. Агар ба ин ду чанг занед, ҳаргиз гумроҳ нахоҳед шуд. Ин ду ҳеҷ вақт аз якдигар ҷудоӣ надоранд, то он гоҳ ки бар ҳавзи Кавсар бар ман ворид шаванд.(Саҳеҳи Муслим, ҷилди 7, саҳ. 122; Сунани Дорамӣ, ҷилди 2, саҳ. 432; Муснади Аҳмад, ҷилди 3, саҳ. 14, 17, 26, 59, ҷилди 4, саҳ. 366, 371, ҷилди 5, саҳ. 182, Мустадраки Ҳоким, ҷилди 3, саҳ. 109, 148, 533 ва ...)

Аҳли Байт алайҳимуссалом мероси гаронбаҳое аз худ боқӣ гузоштаанд, ки пайравонашон онро аз хатари нобудӣ ҳифз намудаанд. Ин намунаи фарогири як мактабе аст, ки шохаҳои мухталифи маърифати исломиро дар бар дошта ва тавониста аст ашхоси зиёди тавонмандеро барои сероб шудан аз ин чашмаи ҷӯшон, парвариш ва тақдими уммати исломӣ намояд.

Ин донишмандон бо пайравӣ аз Аҳли Байти Паёмбар(с) дар мақоми посухгӯӣ ба дасисаҳо ва шубҳаҳои воридшуда аз сӯи мазҳабҳо ва ҷараён-ҳои фикрии дохил ва хориҷи ҷомеаи исломӣ баромада, дар давоми қарнҳои гузашта пеш-ниҳодкунандаи матинтарин посухҳо ва роҳи ҳалҳо барои ин шубҳаҳо буда ва ҳастанд.