Пешвои дувоздаҳум ҳазрати Имом Маҳдӣ (а)
Пешвои дувоздаҳум ҳазрати Имом Маҳдӣ (а)
0 Vote
1 View
Хулосаи зиндагии пешвои дувоздаҳум ҳазрати Имом Маҳдӣ (а)
Ном: Пешвоёни маъсум (а) пайравони хешро аз зикри номи Имоми Қоим(а) наҳй карда, ҳамон қадар фармудаанд, ки ӯ ҳамноми Паёмбар(с) ва кунияашон низ кунияи Паёмбар(с) аст.[1] Ҷоиз ва раво нест номи аслии ӯро ошкоро бар забон оваранд, то он замоне, ки зуҳур фармояд.[2]
Лақаб: машҳуртарин лақабҳои он гиромӣ “Маҳдӣ”, “Қоим”, “Ҳуҷҷат” ва “Бақиятуллоҳ” аст.
Падар: пешвои ёздаҳум ҳазрати Имом Ҳасани Аскарӣ (а).
Модар: Бонуи гиромӣ Нарҷис - набераи Қайсари Рум.
Таърихи таваллуд: ҷумъаи нимаи моҳи шаъбони соли 255-и ҳиҷрии қамарӣ.
Маҳалли таваллуд: шаҳри Сомаррои Ироқ.
Умри шариф: то кунун, ки соли 1427-и қамарӣ аст, ҳудуди ҳазору саду ҳафтоду ду сол аз умри шарифашон мегузарад ва то ҳар вақт Худои Мутаол бихоҳад идома хоҳад дошт.
Рӯзе ба фармони Худо зуҳур мекунад ва ҷаҳонро пур аз адлу дод месозад.
Эътиқод ба ҳазрати Маҳдии мавъуд дар адёни дигар
Эътиқод ба Имом Маҳдии Мавъуд (а), ки муслиҳи илоҳӣ ва ҷаҳонӣ аст, дар бисёре аз мазҳабҳо ва динҳо вуҷуд дорад. На танҳо шиа, балки аҳли тасаннун ва ҳатто пайравони динҳои дигар ба монанди яҳуд, насоро, зардуштиён ва ҳиндуён ба зуҳури як муслиҳи бузурги илоҳӣ иқрору эътироф доранд ва онро интизор ҳастанд.
Дар китоби “Дид”, ки назди ҳиндуён аз китобҳои осмонӣ ба ҳисоб меравад, чунин омадааст:
“Пас аз харобии дунё подшоҳе дар охири замон пайдо шавад, ки пешвои халоиқ бошад. Номи ӯ Мансур бошад ва тамоми оламро бигирад ва ба дини худ дароварад. Ҳама касро аз мӯъмин ва кофир бишносад ва ҳарчи аз Худо хоҳад, барояд".[3]
Дар китоби шогирди Зардушт “Ҷомосб” зикр шудааст:
“Марде аз замини тозиён берун ояд, аз фарзандони Ҳошим. Ӯ марди бузургсар, бузургтан, бузургсоқ ва бар дини ҷадди хеш бувад. Бо сипоҳи бисёр рӯй ба Эрон ниҳад ва ободон кунад, замин пурдод кунад ва аз доди вай бошад, ки гург бо меш об хӯрад”.[4]
Дар китоби “Занд”, ки аз китобҳои мазҳабии зардуштиён аст, чунин омадааст:
“Он гоҳ фирӯзии бузург аз тарафи эзидон мешавад ва аҳриманонро мунқариз[5] месозад. Тамоми иқтидори аҳриманон дар замин аст ва дар осмон роҳ надоранд. Баъд аз пирӯзии эзидон ва барандохтани (мағлуб сохтани) табори аҳриманон олами кайҳон ба саодати аслии худ расида, Бани Одам бар тахти некбахтӣ хоҳад нишаст.[6]
Дар “Таврот” дар "Сифри таквин" аз дувоздаҳ имом, ки аз насли Исмоили паёмбар ба вуҷуд меоянд, сухан гуфта шудааст:
“Ва дар ҳаққи Исмоил туро шунидам ин, ки ӯро баракат додаам ва ӯро борвар гардонида, ба ғоят зиёд хоҳам намуд ва дувоздаҳ сарвар тавлид хоҳам намуд ва ӯро уммати азиме хоҳам намуд”.[7]
Ва инчунин дар “Мазомир”-и ҳазрати Довуд (а) навишта шудааст:
“... Ва аммо солеҳонро Худованд таид мекунад... Солеҳон вориси замин хоҳанд буд ва дар он то ҳамеша сокин хоҳанд буд”.[8]
Дар Қуръони карим низ зикр шудааст:
“Валақад катабно физ-Забури[9] мин баъдиз-Зикри аннал-арза ярисуҳо ибодияс-солиҳун”.[10]
Мо дар “Забур” ба думболи Зикр (яъни Таврот) навиштем, ки бандагони шоистаи мо вориси замин хоҳанд шуд.
Ва боз Қуръон мефармояд:
“Ваадаллоҳул лазина оману минкум ва амилуссолиҳоти лаястахлифаннаҳум фил арзи камастахлафал лазина мин қаблиҳим ва лаюмаккинанна лаҳум динаҳумул лазиртазо лаҳум ва лаюбаддиланнаҳум мин баъди хавфиҳим амнан яъбудунанӣ ло юшрикуна бӣ шайъан”.[11]
Худованд ба касоне аз шумоён, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ваъда додааст, ки ононро дар замин халифа ва ҷонишин созад. Чунон ки гузаштагонро хилофат ва ҷонишинӣ бахшид ва динеро, ки Худо бар эшон писандидааст, барқарор намояд ва тарси ононро ба эминӣ табдил кунад, ки маро ибодат мекунанд ва чизеро шарики ман қарор намедиҳанд.
Ва низ мефармояд:
“Ва нуриду ан намунна алал лазинастузъифу фил арзи ва наҷъалаҳум аимматан ва наҷъалаҳумул ворисин”.[12]
Ирода кардем, ки бар мустазъафон (худопарастоне, ки зери бори ситами ситамгарон нотавон шудаанд) миннат ниҳем ва ононро пешво ва вориси замин созем.
Ин гуна оёт, ки намунае аз он зикр шуд гувоҳи он аст, ки саранҷом ҷаҳон дар дасти бандагони шоистаи илоҳӣ қарор хоҳад гирифт. Ин мерос ба онон хоҳад расид ва ба мақоми раҳбарӣ ва пешвои ҷаҳониён ноил хоҳанд шуд.
Агар инсоният аз роҳи дурусти Худо бероҳа шуда ва то умқи партгоҳҳои инҳироф ва пастӣ суқуту нузул кардааст, дар воқеъ ба ҳадди ниҳоии он чизе намондааст. Ба зудӣ виҷдони башарият бедор мешавад ва дармеёбад, ки бо такя бар зӯру тавоноӣ ё хираду андешаи худ, техника ва улуми моддӣ наметавонад назм, адолат ва саодати фарогирро дар ҷаҳон барқарор созад. Инсон роҳе ҷуз ин надорад, ки муносибати худро бар асоси имон, ваҳй ва пазириши вилояти илоҳӣ устувор созад ва бо раҳбарии муслиҳи илоҳӣ ва ҷаҳонӣ худро аз гирдоби хатарҳо наҷот бахшад, роҳи камолро бипаймояд, то ҳукумати ҷаҳонӣ бар асоси адолат ҳамроҳ бо амният, сафо, самимият барқарор гардад.
Эътиқод ба Маҳдии мавъуд (а) дар сарчашмаҳои исломӣ
Паёмбари азизи Ислом (с) ва низ ҳар як аз аиммаи атҳор (а) борҳо дар муносибатҳои гуногун аз ҳазрати Маҳдӣ(а) дар мавриди: зуҳур, қиём, ғайбати тӯлонӣ ва дигар хусусиятҳои он гиромӣ хабар додаанд ва бисёре аз ёрону пайравон ин ахбор ва аҳодисро нақл кардаанд. Муаллифи китоби “Ал- имом-ул- Маҳдӣ” номи панҷоҳ нафар аз саҳобаи Паёмбар (с) ва низ номи панҷоҳ нафар аз тобеинро (касоне, ки саҳобаи паёмбарро дидаанд), ки аҳодиси марбут ба ҳазрати Маҳдиро нақл кардаанд, зикр мекунад.[13]
Бархе аз шоирони бузург ва маъруф мазмуни ин аҳодисро даҳҳо сол, балки бештар аз як қарн пеш аз таваллуди ҳазрати Маҳдӣ(а) дар ашъори худ баён кардаанд:
Кумайт – шоири мубориз ва ҷасури шиа (соли вафоташ 126-и ҳиҷрии қамарӣ) шеъре дар мавриди Имом Маҳдӣ дар ҳузури Имом Боқир (а) қироат кард ва аз замони қиёми он гиромӣ суол намуд.[14]
Исмоили Ҳимярӣ (соли вафоташ 173-и ҳиҷрӣ) пас аз шарафёб шудан ба хидмати Имом Содиқ (а) ва ҳидоят ёфтан ба дасти он гиромӣ, қасидаи тӯлонӣ суруд, ки абёти зайл аз он ҷумла аст:
“Ва ушҳиду раббӣ анна қавлака ҳуҷҷатун,
Алал халқи турран мин мутиъин ва музнибин.
Бианна валиял амри вал қоимал лазӣ,
Таталлаа нафсӣ наҳваҳу битатаррубин.
Лаҳу ғайбатун ло будда мин ан яғибаҳо,
Фасалло алайҳиллоҳу мин мутағайибин.
Фаямкусу ҳинан сумма язҳару ҳинаҳу,
Фаямлау адлан кулла шарқин ва мағрибин”.[15]
Тарҷума:
“Ва Парвардигорамро гувоҳ мегирам, ки қавли ту (ҳазрати Содиқ) бар ҳамаи халқ чӣ мутеъ ва чӣ гунаҳкор ҳуҷҷат аст.
(Ки фармудаӣ) Валиамр ва Қоиме, ки ҷонам муштоқи ӯст,
ғайбате дорад, ки бешак ғоиб хоҳад шуд, дурудҳои Худо бар ғоиб бод.
Муддате дар паси пардаи ғайбат мемонад ва сипас зуҳур мекунад ва Шарқу Ғарби ҷаҳонро пур аз адлу дод месозад”.
Деъбали Хузоӣ - шоири тавонои садаи сеюми ҳиҷрӣ (соли вафоташ 246) дар қасидае, ки дар хидмати Имом Ризо (а) хонд, чунин сурудааст:
“Фалавлал лазӣ арҷуҳу фил явми ав ғадин,
Тақаттаа нафсӣ асраҳум ҳасаротин.
Хуруҷа имомин ло муҳолата хориҷун,
Яқуму ало исмиллоҳи вал баракоти.
Йумайизу фино кулла ҳаққин ва ботилин,
Ва яҷзӣ алан наъмои ван нақамот”.[16]
Тарҷума:
“Агар он чиро имрӯз ё фардо умеди (вуқӯи) онро дорам, намебуд, дилам аз ҳасрат ва андӯҳ бар эшон (Аҳли Байт алайҳимуссалом) пора-пора мешуд.
(Ва он умед) қиёми имоме аст, ки бешак қиём хоҳад кард, бо номи Худо ва ҳамроҳ бо баракоти илоҳӣ қиём мефармояд.
(Ва ӯ)-дар миёни мо ҳақ ва ботилро аз ҳам ҷудо месозад ва подошу кайфар медиҳад”.
Ҳангоме ки Деъбил ин байтҳоро ба арз расонд, Имом Ризо (а) сар бардошт ва фармуд: “Эй Хузоӣ! Ин ашъорро Рӯҳулқудс бар забони ту ҷорӣ сохтааст”.
Он гоҳ фармуд:
- Оё медонӣ он имом кист?
Деъбил арз кард:
- Намедонам. Фақат шунидам, ки имоме аз дудмони шумо хуруҷ мефармояд ва заминро пур аз адлу дод месозад.
Фармуд:
- "Эй Деъбал! Имоми баъд аз ман писарам Муҳаммад (имом Ҷавод), баъд аз ӯ писараш Алӣ (имом Ҳодӣ), баъд аз ӯ писараш Ҳасан (имом Аскарӣ) ва пас аз Ҳасан писараш Ҳуҷҷати Қоим аст, ки дар ғайбати ӯ интизорашро мебаранд. Зуҳури ҳазрат ҳатмӣ буда, агар аз дунё ҷуз як рӯз боқӣ намонда бошад, Худо он рӯзро дароз мекунад, то Қоим хуруҷ намояд ва заминро пур аз адлу дод созад, чунон ки аз ҷавр пур шудааст".[17]
Бархе дигар аз шоирон ва сарояндагон, ки ҳамзамони аимма (имомон) ё аз шогирдони муосирин буданд, дар ашъори худ равшану возеҳ ё ба ишора аз ҳазрати Маҳдӣ (арвоҳуно фидо) ёд кардаанд.[18] Бисёр иттифоқ меафтад, ки аз имомони пок(а) мепурсиданд: оё Қоими Оли Муҳаммад ва Маҳдии Мунтазар шумоед? Имомони гиромии Ислом дар посух ба муаррифии Имоми Қоим(а) мепардохтанд.
Шӯҳрати ҳамин ахбор ва аҳодис буд, ки пеш аз таваллуди он ҳазрат иддае бардурӯғ даъвои маҳдавият[19] карданд ё ба онон чунин иддао бастанд ва аз ин роҳ сӯиистифода намуданд. Барои мисол фирқаи “Кайсония” ҳудуди ду аср пеш аз таваллуди Имоми Замон (а) Муҳаммади Ҳанафияро имом ва Маҳдии Мунтазар мепиндоштанд. Онҳо мӯътақид буданд, ки ӯ аз назарҳо пинҳон шуда ва рӯзе зуҳур хоҳад кард. Ин фирқа дар мавриди даъвои худ ба ахборе, ки аз Паёмбар(с) ва имомони маъсум (а) дар мавриди ғайбати Қоим (а) нақл шуда буд, такя мекарданд.[20] Шахси дигар Маҳдии Аббос буд, ки худро Маҳдӣ номид, то аз интизори мардум ба фоидаи худ баҳрабардорӣ намояд.
Бисёре аз уламои аҳли суннат ва уламои шиа аҳодис ва ахбори марбут ба ҳазрати Маҳдӣ (а)-ро дар китобҳои худ зикр кардаанд.[21] Масалан, дар “Муснад”-и Аҳмад ибни Ҳанбал - соли вафот 256-и ҳиҷрӣ, ки аз китобҳои мӯътабари аҳли тасаннун ба ҳисоб мераванд ва қабл аз таваллуди Имоми Қоим(а) навишта шудаанд, аҳодиси марбут ба Имоми Қоим(а)-ро нақл кардаанд.[22]
Китоби “Машиха”таълифи Ҳасан ибни Маҳбуб низ аз ҷумлаи муаллафоти шиа аст, ки ба гуфтаи марҳум Табарсӣ бештар аз сад сол пеш аз “Ғайбати Кубро”-и Имоми Замон (а) таълиф шуда ва дар он ахбори марбут ба ғайбати Имоми Аср(а) зикр шудааст.[23]
Инчунин, марҳум Табарсӣ баён мекунад, ки муҳаддисони шиа дар замони Имом Боқир ва Имом Содиқ алайҳимо салом ахбори ғайбатро дар навиштаҳои худ зикр кардаанд.[24]
Гурӯҳе аз донишмандони шиа ва суннӣ низ дар мавриди ҳазрати Маҳдии Мунтазар (а) китобҳои мустақил навиштаанд, [25] ки бархе аз ин китобҳо пеш аз таваллуди Имоми Аср(а) таълиф шуда аст: Равоҷинӣ – мутаваффои соли 250-и ҳиҷрии қамарӣ аз уламои аҳли суннат китоби “Ахбор-ул-Маҳдӣ”-ро пеш аз таваллуди Имоми Замон (а) навиштааст,[26] инчунин бархе аз асҳоби аимма (а) монанди Анмотӣ ва Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Ҷумҳур пеш аз таваллуд ва ғайбати Имоми Замон (а) дар бораи он ҳазрат ва ғайбати ӯ китоб навиштаанд.[27]
Аҳодис ва ахбори марбут ба он ҳазрат он қадар зиёд аст, ки камтар мавзӯе аз масоили исломӣ ба ин поя мерасад. Қатъият ва дурустии ин аҳодис аз назари шиа ва суннӣ мавриди қабул аст ва илова бар уламои шиа гурӯҳе аз уламои аҳли тасаннун низ тавотур[28] ва қатъӣ будани онҳоро баён кардаанд.[29]
Масалан Саҷзӣ, соҳиби китоби “Маноқиби Шофеӣ” мутаваффои соли 363-и ҳиҷрии қамарӣ магӯяд: “Ахбори марбут ба ҳазрати Маҳдӣ(а), ки аз Расули гиромии Ислом нақл шудааст, ба ҳади тавотур[30] расидааст.[31]
Муаллифи китоби “Имом Маҳдӣ(а)” менависад:
“Агар ахбори расида дар бораи Имом Маҳдӣ (а) аз тарафи шиа ва суннӣ шуморида шавад, ба беш аз шаш ҳазор ривоят бармехӯрем, ки ҳатман шумораи зиёд аст. Ҳатто дар мавриди бисёре аз масоили бадеҳии Ислом, ки мусулмонон дар онҳо шак надоранд ва мавриди пазириш ҳастанд, ба ин миқдор ривоят ворид нашудааст”.[32]
Бар ин асос мусулмонон аз ҳамон аввали таърихи Ислом бо ваъдаи қиёми Маҳдии Мавъуд ошно буданд. Бахусус, шиаён ва парваришёфтагони мактаби Аҳли байт бар ин ҳақиқат эътиқоди устувор доштанд ва дар тамоми муддати зиндагонии имомон (а) таваллуди ӯро интизорӣ мекашиданд.
Дар аҳодиси воридшуда дар мавриди ҳазрати Маҳдӣ (а) баён шудааст, ки он гиромӣ аз Бани Ҳошим, авлоди Фотима ва сулолаи сайидушшуҳадо Имом Ҳусайн аст. Номи падараш Ҳасан ва худаш ҳамном ва ҳамкунияи Паёмбар (с) мебошад. Ӯ пинҳон таваллуд мешавад, пинҳон зиндагӣ мекунад ва ду ғайбат дорад, ки яке кӯтоҳтар ва дигаре дурудароз аст. Ҳазрати Маҳдӣ(а) то он рӯзе, ки Худо хоҳад пинҳон мемонад ва оқибат ба фармони Худо зуҳуру қиём мекунад ва дини Исломро бар саросари ҷаҳон ҳукмфармо хоҳад кард ва ҷаҳонро пас аз зулму ҷаври фарогир аз адлу дод пур месозад.
Дар ин ривоёт ҳатто хусусиёти шахсӣ ва ҷисмии имоми дувоздаҳум ва дигар матолиби марбут ба ӯ баён шудааст. Мо барои намуна чанд ҳадисро зикр мекунем.
Намунае аз аҳодиси сунниён
1- Паёмбари Ислом (с) дар баёни ҳатмияти зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (а) фармуданд:
”Агар аз умри дунё ҷуз як рӯз боқӣ намонад, Худо мардеро аз мо мефиристад, ки дунёро пур аз адлу дод намояд, ҳамон тавр ки пур аз зулму ҷавр шуда бошад”.[33]
2- Паёмбар (с) фармуданд:
”Қиёмат барпо намешавад, то он ки марде аз аҳли байти ман умурро дар даст гирад, ки исми ӯ исми ман аст”.[34]
3- Паёмбари Ислом (с) фармуданд:
”Ҳамоно Алӣ баъд аз ман имоми уммати ман аст ва Қоими Мунтазар (аз авлоди ӯст, ки) вақте зоҳир шавад, заминро пур аз адлу дод месозад, ҳамчунон, ки аз зулму ҷавр пур шуда бошад. Савганд ба он ки моро ба ҳақ башоратрасон ва бимдиҳанда барангехт, ҳатман (бешак, бегумон) онон ки дар ғайбати ӯ собитқадам бимонанд аз эксир (чизи қиматбаҳо, ноёб) ноёбтаранд.
Ҷобир бархост ва арз кард:
- Эй Расули Худо, оё барои фарзанди шумо Қоим ғайбате ҳаст?
Фармуд:
- Оре, савганд ба Парвардигорам, мӯъминон имтиҳону халос ва кофирон ҳалок мешаванд. Эй Ҷабир! Ин амр аз амрҳои илоҳӣ ва сирре аз асрори Худост, ки бар бандагонаш пинҳон доштааст. Аз шак кардан дар он бипарҳез, чун шак дар амри Худои азиз ва ҷалил куфр аст.[35]
4- Умми Салама мегӯяд, ки Расули гиромии Ислом аз Маҳдӣ(а) ёд мекард ва мефармуд:
“Оре, ӯ ҳақ аст ва ӯ аз Бани Фотима хоҳад буд”.[36]
5- Салмони Форсӣ мегӯяд, ки хидмати Расули гиромии Ислом (с) расидам, Ҳусайн ибни Алиро рӯи зонӯи худашон шинонда буданд ва чашмҳою лабҳои ӯро мебӯсиданд ва мефармуданд:
“Ту сайидӣ, ту имом писари имом ва бародари имом ҳастӣ. Ту ҳуҷҷати Худо, писари ҳуҷҷати Худо ва бародари ҳуҷҷати Худоӣ. Ту падари нӯҳ ҳуҷҷати Худоӣ, ки нӯҳуми эшон Қоими эшон аст”.[37]
6- Имом Ризо (а) фармудаанд:
“Халафи Солеҳ[38] фарзанди Ҳасан ибни Алии Аскарӣ, Соҳибуззамон ва ҳамон Маҳдии Мавъуд аст”.[39]
7- Расули Худо (с) фармуданд:
“Шуморо ба Маҳдӣ башорат медиҳам. Вай дар ман мабъус мешавад, дар ҳоле ки уммат дар ихтилоф ва лағжиш ҳаст, пас заминро пур аз адлу дод намояд, ҳамон тавре ки пур аз зулму ҷавр шуда бошад. Аҳли осмон ва аҳли замин аз ӯ розӣ ва хушнуд мешаванд...”.[40]
8- Имом Ризо (а) фармуданд:
“Касе, ки порсоӣ надорад, дин надорад. Ҳамоно гиромитарини шумо назди Худо касе аст, ки ба тақво оростатар аст. Баъд ҳазрат изофа карданд: ”Чаҳорумин фарзанд аз насли ман писари бонуи канизон аст, ки Худо заминро ба василаи ӯ аз ҳар зулму ҷавре пок месозад. Ӯ ҳамон аст, ки мардум дар таваллудаш шак мекунанд. Ӯ соҳиби ғайбат аст, вақте хуруҷ мекунад замин ба нури Худо равшан мешавад ва мизони адл миёни мардум насб мегардад, ки ҳеҷ кас ба касе ситам намекунад...”.[41]
9- Амири мӯъминон Алӣ (а) фармуданд:
“Худо гурӯҳеро меоварад, ки Худоро дӯст доранд ва Худованд низ онҳоро дӯст дорад. Ба салтанати илоҳӣ мерасад касе, ки миёни онон ғариб (ва мастур) аст. Ӯ ҳамон Маҳдии Мавъуд аст..., заминро пур аз адлу дод месозад, бидуни он ки барои ӯ мушкиле пеш ояд. Дар кӯдакӣ аз падару модараш дур мегардад... ва билоди мусулмононро бо амон фатҳ мекунад, замон барои ӯ омода ва соф мешавад. Каломи ӯ масмуъ (шунидашаванда) хоҳад буд ва пиру ҷавон аз ӯ итоат мекунанд. Заминро пур аз адлу дод месозад, чунон ки аз зулму ҷавр пур шуда бошад. Дар ин ҳангом аст, ки имомати ӯ ба ҳадди камол мерасад ва хилофати ӯ мустақар мегардад. Худо касонеро, ки дар қабрҳо ҳастанд мабъус мегардонад ва онон субҳ мекунанд дар ҳоле ки дар қабрҳои хеш нишастаанд. Замин ба вуҷуди Маҳдӣ обод ва хуррам шуда, наҳрҳо ҷорӣ мегарданд, фитнаҳою ошубҳою ғоратҳо аз байн мераванд, хайру баракот фузунӣ меёбад. Ниёзе дар бораи он чӣ дар мавриди он бигӯям, надорам ва аз ман бар дунёи он рӯз салом бод”.[42]
Чанд намуна аз аҳодиси шиаён
1. Имом Содиқ (а) фармуданд:
”Мардум имомашонро гум мекунанд, вале ӯ дар мавсими ҳаҷ ҳозир мешавад ва мардумро мебинад, аммо мардум ӯро намебинанд.[43]
2. Асбағ ибни Набота мегӯяд, ки хидмати Амири мӯъминон Алӣ (а) шарафёб шудам ва он ҳазратро дидам, ки дар фикр фурӯ рафта, ба ангушти муборакашон заминро мекованд. Арз кардам: “Чаро шуморо дар фикр мебинам, оё ба замин майлу рағбате доред?
Фармуданд:
”На ба Худо савганд, ҳаргиз рағбате ба замин ва ба дунё надоштаам. Дар мавриди мавлуде фикр мекунам, ки аз насли ман ва ёздаҳумин нафар аз фарзандони ман аст ва ӯ Маҳдӣ мебошад. Ҳамон ки заминро аз адл пур месозад, ҳамчунон ки аз зулму ҷавр пур шуда бошад. Барои ӯ ғайбат ва ҳайрате аст, ки гурӯҳҳое дар он гумроҳ мешаванд ва гурӯҳҳои дигар ба ҳидоят мерасанд...”.[44]
3. Имом Содиқ (а) мефармуданд:
”Агар ба шумо хабар расид, ки соҳиби ин амр (яъне имоми вақт) ғоиб шудааст, ғайбати ӯро инкор накунед”.[45]
4. Ва низ фармуданд:
“Барои Қоим ду ғайбат аст: яке кӯтоҳ ва дигаре дурудароз. Дар ғайбати аввал касе ҷуз хавоси ( ашхоси махсус аз шиа) шиа ҷои ӯро намедонад ва дар ғайбати дуюм ҷуз дӯстони хос, касе аз ҷои ӯ огоҳӣ надорад”.[46]
5. Ва низ фармудаанд:
“Қоим қиём мекунад, дар ҳоле ки ҳеҷ кас ба ӯ аҳду паймон ва байъат надорад”.[47]
6. Расули Худо(с) фармуданд:
“Қоим аз авлоди ман, номи ӯ номи ман, кунияи ӯ кунияи ман, шамоили ӯ шамоили ман, суннату равиши ӯ суннату равиши ман аст. Ӯ мардумро бар шариат ва дини ман во медорад ва ба китоби Парвардигорам даъват мекунад. Ҳар кас аз ӯ итоат кунад аз ман итоат карда, ҳар кас бо ӯ мухолифат варзад бо ман мухолифат варзида ва ҳар кас ғайбати ӯро инкор намояд маро инкор намудааст”.[48]
7. Чаҳорумин имом - Зайнулобидин (а) фармуданд:
“Дар Қоими мо шабоҳатҳое бо паёмбарони Худо вуҷуд дорад; шабоҳате бо Нӯҳ, шабоҳате бо Иброҳим, шабоҳате бо Мӯсо, шабоҳате бо Исо, шабоҳате бо Аюб ва шабоҳате бо Муҳаммад салавотуллоҳи алайҳим. Бо Нӯҳ дар тӯли умр монанд аст, бо Иброҳим дар пинҳон будани таваллудаш ва дурию канорагирӣ аз мардум, бо Мӯсо дар хавфу ғайбат, бо Исо дар ихтилофи мардум дар бораи ӯ, бо Аюб дар расидани фараҷ пас аз балою гирифторӣ ва бо Муҳаммад(с) дар қиём бо шамшер.[49]
8. Имом Содиқ (а) фармуданд:
”Ҳамоно барои соҳиби ин амр (Қоим) ғайбате аст, ки бандаи Худо бояд (дар он ҳангом) тақво биварзад ва ба дини Худо чанг бизанад”.[50]
9. Ва низ фармуданд:
“Бар мардум замоне мерасад, ки имомашон аз онҳо ғоиб мешавад.
Зурора мегӯяд, ки арз кардам:
- Таклифи мардум дар он замон чист?
Фармуданд:
- Бояд бар ҳамон амре, ки бар он ҳастанд (аз таколиф ва эътиқоди динӣ) тамассук биҷӯянд, то Имом(а) бар онон зоҳир шавад”.[51]
10. Ва низ фармуданд:
“Ин амр (зуҳури Имом ва қиёми ӯ) рӯй нахоҳад дод, то ҳеҷ синфе аз мардум боқӣ намонад, магар он ки бар мардум ҳукумат карда бошад, то гӯяндае нагӯяд, ки агар мо ҳукумат мекардем ба адолат рафтор менамудем; сипас Қоим(а) ба ҳаққу адл қиём мефармояд”.[52]
Таваллуди Имом (а)
Дувоздаҳум пешвои осмонии Ислом ҳазрати Ҳуҷҷат ибни Ҳасан Ал-Маҳдӣ (а), дар сапедадами рӯзи ҷумъаи нимаи моҳи шаъбони соли 255-и ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқи 868-и мелодӣ дар шаҳри Сомарро дар хонаи Имоми ёздаҳум (а) чашм ба ҷаҳон кушод.[53]
Падари гиромии ӯ пешвои ёздаҳум ҳазрати Имом Ҳасани Аскарӣ(а) аст. Модараш бонуи бузургвор Нарҷис, ки Савсан ва Сайқал низ номида шуда аст. Вай духтари Юшаъо писари Қайсари Рум ва аз насли Шамъун яке аз ҳавориюни Масеҳ(а) аст. Нарҷис чунон бофазилат буд, ки Ҳакима - хоҳари Имом Ҳодӣ(а), ки худ аз бузургони бонувони хонадони имомат аст, ӯро сайидаи худ ва сайидаи хонаводаи худ[54] ва худро хидматгори ӯ хитоб кард.[55]
Ҳангоме ки Нарҷис дар Рум буд, хобҳои шигифтангезе дид. Боре дар хоб Паёмбари азизи Ислом (с) ва Исои Масеҳ (а)-ро дид, ки ӯро ба ақди издивоҷи Имом Ҳасани Аскарӣ(а) дароварданд. Дар хоби дигаре шигифтиҳои дигаре дид ва ба даъвати ҳазрати Фотимаи Заҳро алайҳоссалом мусулмон шуд, исломи худро аз хонавода ва атрофиёни хеш пинҳон медошт, то он замоне, ки миёни мусулмонон ва румиён ҷанг даргирифт ва Қайсар худаш ба ҳамроҳи лашкар равонаи ҷабҳаҳои ҷанг шуд. Нарҷис дар хоб фармон ёфт, ки ба таври ношинос ҳамроҳи канизон ва хидматгорон аз паси сипоҳе, ки ба марз мераванд биравад. Ӯ чунин кард ва дар марз бархе аз сипоҳиёни мусулмон ононро асир сохтанд ва бе он ки бидонанд ӯ аз хонаводаи Қайсар аст, ӯро ҳамроҳи соири асирон ба Бағдод бурданд.
Ин воқеа дар охирҳои даврони имоматии имоми даҳум ҳазрати Ҳодӣ (а) рӯй дод. Коргузори Имом Ҳодӣ(а) номаеро, ки имом ба забони румӣ навишта буд ба фармони он гиромӣ дар Бағдод ба Нарҷис расонд ва ӯро аз бардафурӯш харидорӣ кард ва ба Сомарро назди Имом Ҳодӣ бурд. Имом он чӣ Нарҷис дар хобҳои худ дида буд ба ӯ ёдоварӣ кард ва башорат дод, ки ӯ ҳамсари имоми ёздаҳум ва модари фарзанде аст, ки бар саросари ҷаҳон ҳукмрон мешавад ва заминро аз адлу дод пур месозад.
Имом Ҳодӣ (а) Нарҷисро ба хоҳари худ Ҳакима, ки аз бонувони бузургвори хонадони имомат буд супорид, то одоби исломӣ ва аҳкомро ба ӯ омӯзад. Муддате баъд Нарҷис ба ҳамсарии Имом Ҳасани Аскарӣ (а) даромад.[56]
Ҳакима ҳар гоҳ хидмати Имом Ҳасани Аскарӣ(а) мерасид дуо мекард, ки Худованд ба ӯ фарзанде ато фармояд. Ӯ чунин мегӯяд: ”Як рӯз мутобиқи одат ба дидори Имом Аскарӣ(а) рафта будам ва ҳамон дуоро такрор кардам. Он гиромӣ фармуд: фарзанде, ки дуо мекунӣ Худо ба ман ато фармояд, имшаб ба дунё меояд”.[57]
Нарҷис пеш омад, то кафши маро бикашад, ва гуфт:
- “Бонуи ман кафшатро ба ман деҳ”.
Гуфтам:
- “Ту сарвар ва бонуи манӣ. Ба Худо савганд намегузорам кафши маро бикашӣ ва намегузорам ба ман хидмат кунӣ. Ман бар рӯи чашми хеш туро хидмат мекунам”.
Имом Аскарӣ(а) сухани маро шунид ва фармуд:
- “Амма, Худо ба ту подоши некӯ диҳад”.
То ғуруб назди ӯ будам. Канизро фарёд кардам ва гуфтам, ки либосҳои маро биёр, то биравем. Имом Фармуд:
- “Амма, имшаб назди мо бимон, зеро имшаб мавлуде, ки назди Худои Мутаол гиромӣ аст ба дунё меояд. Худо ба василаи ӯ заминро пас аз мурдан зинда мегардонад”.
Арз кардам:
- Сарвари ман, аз чӣ касе таваллуд мешавад? Ман дар Нарҷис асаре аз ҳамл намебинам!
Фармуд:
- Аз Нарҷис, на аз ғайри ӯ.
Нарҷисро хабар гигифтам, асаре аз ҳомилагӣ дар ӯ набуд. Назди имом омадам ва ӯро аз кори худ огоҳ сохтам. Имом табассум кард ва гуфт:
- Сапедадам бар ту ошкор мешавад, ки ӯ фарзанде дорад. Ӯ ҳамчун модари Мӯсои Калимуллоҳ аст, ки ҳамли ӯ ошкор набуд ва касе то ҳангоми валодат намедонист. Зеро Фиръавн дар ҷустуҷӯи Мӯсо (барои он ки чунин тифле ба вуҷуд наояд) шиками занони ҳомиларо медарид ва ин (тифл, ки имшаб ба дунё меояд) монанди Мӯсо(а) аст (фиръавниёнро нобуд хоҳад кард) ва дар ҷустуҷӯи ӯ ҳастанд.
Ҳакима мегӯяд: ман то сапедадам муроқиби Нарҷис будам ва ӯ бо оромиш назди ман хобида буд ва ҳеҷ ҳаракате ҳам намекард. Дар поёни шаб ва ҳангоми тулӯи фаҷр ҳаросон аз ҷой ҷаст. Ман ӯро дар оғӯш гирифтам ва номи Худоро бар ӯ хондам.
Имом (а) (аз ҳуҷраи дигар) овоз доданд:
- Сураи “Инно анзално”- ро бар ӯ хон! Ман сураро хондам ва аз Нарҷис ҳолашро ҷӯё шудам, гуфт:
- Он чӣ мавлои ман ба ту хабар дода буд, ошкор шудааст.
Ман ҳамчунон ки имом фармон дода буд, ба хондани “Инно анзално” идома додам. Дар ин ҳангом ҷанин аз даруни шикам бо ман ҳамовоз шуд ва ҳамчунон ки ман инно анзално мехондам ӯ низ мехонд ва бар ман салом кард. Ман сахт ҳаросон шудам ва Имом (а) садо зад:
- Аз амри Худои Мутаол тааҷҷуб макун. Худованд мо имомонро дар хурдсолӣ ба ҳикмат гӯё месозад ва дар калонсолӣ ҳуҷҷат дар замин қарор медиҳад.
Ҳанӯз сухани Имом(а) ба поён нарасида буд, ки Нарҷис аз назди ман нопадид шуд. Гӯё чунин буд, ки пардае миёни ману ӯ овехтаанд, ки ӯро намедидам. Фарёд кашидам ва ба сӯи имом давидам. Имом фармуд:
- Амма баргард, ӯро дар ҷои хеш хоҳӣ ёфт.
Баргаштам. Тӯле накашид, ҳиҷоби миёни ману ӯ бартараф шуд. Нарҷисро дидам, ки чунон дар нур ғарқ аст, ки чашмамро аз диданаш мепӯшонад. Писареро, ки таваллуд шуда буд дидам, ки дар саҷда аст ва ба зону афтода ангуштони саббобаашро бардошта мегӯяд: “Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, ва анна ҷаддӣ Муҳаммадан расулуллоҳи (с) ва анна абӣ амирул муъминина”. Он гоҳ бар имомати якояки имомон то худаш гувоҳӣ дод ва гуфт:
“Бор худоё меоди маро амалӣ соз, корамро ба саранҷом бирасон, қадамамро устувор дор ва заминро ба василаи ман аз адлу дод пур кун ...”.[58]
Пинҳон будани таваллуди Имом (а)
Таърихи даврони Бани Умайя ва Бани Аббос бахусус аз замони имоми шашум ҳазрати Содиқ (а) ба баъд гувоҳи он аст, ки халифаҳо нисбат ба имомони маъсум бисёр ҳассос шуда буданд. Ин ба он ҷиҳат буд, ки он гиромиён бисёр мавриди таваҷҷӯҳи ҳама буданд ва ҳарчи замон пеш мерафт нуфузи онон бештар ва алоқаи мардум ба он бузургворон афзунтар мешуд. Хулафои Аббосӣ ҳукумати худро дар маърази хатар медиданд. Хусус шӯҳрат дошт, ки Маҳдии Мавъуд(а) аз насли Паёмбар (с) ва аз дудмони имомони маъсум ва ҳазрати Аскарӣ ба вуҷуд хоҳад омад ва дунёро пур аз адлу дод месозад. Аз ин рӯ Имом Аскарӣ(а) мавриди муроқибати шадид буд ва монанди падару бобоёни хеш дар маркази ҳукумати Аббосӣ - Сомарро зери назар қарор дошт. Аз ҷониби Аббосиён кӯшиш мешуд, то аз ба дунё омадан ва парвариши кӯдаки мавъуд ҷилавгирӣ шавад, вале хости илоҳӣ бар ҳатмияти ин таваллуд қарор гирифта буд ва талоши онон бесамар монд. Худои Мутаол валодати ӯро мисли Мӯсо махфӣ қарор дод, дар айни ҳол асҳоби хоси Имом Аскарӣ(а) борҳо Имоми Мавъудро дар замони ҳаёти падараш диданд. Ҳангоми даргузашти ҳазрати Аскарӣ(а) низ Имоми Аср(а) зоҳир шуд ва ба ҷанозаи падараш намоз гузошт. Мардум ҳазратро он мавқеъ мушоҳида карданд ва пас аз он ғоиб гардид.
Аз замони таваллуди Имоми Қоим(а) то шаҳодати падараш ҳазрати Аскарӣ(а) бисёре аз наздикон ва ёрони хоси имоми ёздаҳум муваффақ ба дидори ӯ шуданд ё аз вуҷуди ӯ дар хонаи имом огоҳ шуданд. Маъмулан равиши Имом Аскарӣ(а) чунин буд, ки дар айни пинҳон доштани фарзанди арҷманди хеш, дар фурсатҳои муносиб ёрони мавриди итминонро аз вуҷуди ӯ огоҳ мекард, то онон ба шиаён бирасонанд ва пас аз ӯ дар гумроҳӣ намонанд. Барои намуна ба чанд маврид ишора мекунем:
1- Аҳмад ибни Исҳоқ, ки аз бузургони шиа ва пайравони хоси Имом Аскарӣ(а) аст, мегӯяд: ”Хидмати Имом Аскарӣ(а) шарафёб шудам ва мехостам дар мавриди ҷонишини пас аз ӯ пурсиш кунам, фармуд:
- Эй Аҳмад, ҳамоно Худои Мутаол аз он ҳангом ки одамро офарид заминро аз ҳуҷҷати Худо холӣ нагузошта ва низ то қиёмат холӣ нахоҳад гузошт. Ба сабаби ҳуҷҷати Худо аз аҳли замин бало бардошта мешавад, борон меборад ва замин пурбаракат мешавад.
Арз кардам:
- Эй писари Расули Худо, имом ва ҷонишини пас аз шумо кист?
Он ҳазрат бошитоб ба даруни хона рафт ва дар ҳоле бозгашт, ки писари сесолае, рӯяш мисли моҳи тамом буд ва бар души хеш ҳамл мекард, фармуд:
- “Эй Аҳмад ибни Исҳоқ агар назди Худои Мутаол ва ҳуҷҷатҳои ӯ гиромӣ набудӣ, ин писарамро ба ту нишон намедодам. Ҳамоно ӯ ҳамноми Расули Худо ва ҳамкунияи ӯст. Ӯ касе аст, ки заминро аз адлу дод пур мекунад, ҳамчунон ки аз зулму ҷавр пур шуда бошад. Эй Аҳмад ибни Исҳоқ, масали ӯ дар ин уммат мисли Хизр (а) ва Зулқарнайн аст. Қасам ба Худо ғоиб мешавад ба тавре ки дар замони ғайбати ӯ аз ҳалокат наҷот намеёбад, магар касе ки Худованд ӯро бар эътироф ба имоматии вай собитқадам бидорад ва муваффақ созад, ки барои ҳарчи зудтар зуҳур намудани ӯ дуо кунад.
Арз кардам:
- Сарвари ман, оё нишонае дорад, ки дили ман ба он боварии бештаре пайдо кунад.
Дар он вақт он писар ба забони арабии фасеҳ гуфт:
- “Манам Бақиятуллоҳ дар замин, ҳамоне, ки аз душманони Худо интиқом мегирад. Эй Аҳмад ибни Исҳоқ, пас аз мушоҳидаи айнӣ аз паси асар нагард… “.
Марҳуми Садуқ мефармояд, ки ин ривоятро ба хатти Алӣ ибни Абдуллоҳи Варроқ ёфтам ва ӯ онро барои ман аз Саъд ибни Абдулло ва ӯ аз Аҳмад ибни Исҳоқ нақл кард.[59]
2- Аҳмад ибни Ҳасан ибни Исҳоқи Қумӣ мегӯяд: ”Ҳангоме ки Халафи Солеҳ - ҳазрати Маҳдӣ (а) ба дунё омад, номае аз мавлои мо Абӯмуҳаммад Ҳасани Аскарӣ (а) барои ҷаддам Аҳмад ибни Исҳоқ омад. Дар он имом ба хатти худаш (ҳамон хатте, ки фармонҳо ва номаҳои Имом(а) бо он содир мешуд) чунин навишта буд:
”Барои мо фарзанде таваллуд шуд. Ба ту лозим аст хабари ба дунё омадани ӯро пинҳон дорӣ ва ба ҳеҷ кас аз мардум бозгӯ накунӣ. Мо касеро бар ин таваллуд огоҳ намекунем, ҷуз хешовандони наздикро ба ҷиҳати хешовандӣ ва дӯстро ба ҷиҳати вилояташ, дӯст доштем хабари ин таваллудро ба ту эълом кунем, то Худованд ба ҷиҳати он туро масрур созад, ҳамчунон ки моро масрур сохт. Вассалом”.[60]
3- Бонуи гиромӣ ва парҳезкор Ҳакима - аммаи Имом, Насим- ходими Имом Аскарӣ(а), Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Усмони Амрӣ, Ҳусайн ибни Ҳасани Алавӣ, Амри Аҳвозӣ, Абӯнасри Ходим, Комил ибни Иброҳим, Алӣ ибни Осими Кӯфӣ, Абдулло ибни Аббоси Алавӣ, Исмоил ибни Алӣ, Яқуб ибни Юсуфи Зарроб,[61] Исмоил ибни Мӯсо ибни Ҷаъфар, Алӣ ибни Мутаҳҳар, Иброҳим ибни Идрис, Турайфи Ходим[62] ва Абӯсаҳли Навбахтӣ[63] аз ҷумлаи касоне ҳастанд, ки аз таваллуди Имоми Мавъуд (а) иттилоъ ёфта, аз он хабар додаанд.
4- Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Молик аз ҷамоате аз шиа нақл мекунад, ки Имом Аскарӣ (а) ба онон фармуд:
- Омадаед аз ҳуҷҷати баъд аз ман суол кунед?
Арз карданд:
- Оре
Ногоҳ писаре чун пораи моҳ, ки аз ҳама бештар ба он ҳазрат монандтар буд, намоён шуд, Имом Фармуд:
- “Ин Имом ва ҷонишини ман бар шумост. Фармони ӯро итоат кунед ва пароканда нашавед, ки ҳалок мегардед. Огоҳ бошед, ки шумо баъд аз ин ӯро намебинед, то умри ӯ комил шавад. Аз Усмон ибни Саид[64] он чӣ мегӯяд бипазиред ва фармони ӯро итоат кунед. Ӯ ҷонишини имоми шумост ва кор ба дасти ӯст.[65]
5- Исо ибни Муҳаммади Ҷавҳарӣ мегӯяд: Ман ба гурӯҳе ҷиҳати муборакбоди таваллуди ҳазрати Маҳдӣ (а) хидмати Имом Аскарӣ(а) рафтем. Бародарони мо хабар дода буданд, ки ҳазрати Маҳдӣ шаби ҷумъа, дар моҳи шаъбон, ҳангоми тулӯи фаҷр ба дунё омадааст. Вақте бар Имом Аскарӣ (а) ворид шудем, пеш аз арзи салом ӯро табрик гуфтем. Қабл аз он, ки суол кунем, фармуд:
Дар миёни шумо шахсе аст, ки ин саволро дар дил дорад, ки фарзандам Маҳдӣ куҷо аст? Ман ӯро назди Худо ба амонат гузоштам. Чунон ки модари Мӯсо он гоҳ, ки Мӯсоро дар сандуқ ниҳод ва ба дарё афканд, ӯро ба амонат назди Худо гузошт, то саранҷом Худо ӯро ба вай баргардонад.[66]
Масъалаи ғайбат
Усули асосии Ислом ва аҳкоми сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таълимоти дигари он дар тӯли рисолати Паёмбари Ислом ва дар муддате, ки имомони маъсум (а) (то соли 260-и ҳиҷрӣ) дар ҷомеа ҳузур доштанд, баён гардид ва ба марҳалаи тадвин расид. Дар ин муддат гарчи фишори тоғутон ва мухолифон шадид буд, аммо имомони маъсум(а) аз фурсатҳо истифода бурда, масоили Исломро дар абъоди гуногуни он баён намуданд. Аҳкоми мухталифи исломӣ чунон ба хубӣ баён шудааст, ки қудрату тавоноии тарҳи ҳамаҷониба ва ташкили як ҳукумати бузурги ҷаҳониро дорост ва дар ин замина шакке нест.
Аз сӯи дигар намунаи олии ҳукумат тавассути Паёмбари азизи Ислом (с) ва Амири мӯъминон Алӣ (а) пиёда шудааст, то ҷилваҳои онро башар бубинад ва аз ғайри он рӯй бартобад. Аз ҳамин сабаб то асри ҳазрати Маҳдӣ (а) заминаи ҳукумати ягонаи ҷаҳонӣ аз сӯи Худо комилан омода шуда буд; қонун ва аҳкоми Ислом мудавван ва намунаи амалии адолати Ислом низ намоён буд, аммо аз сӯи мардуми ҷаҳон барои таҳаққуқи ин ҳукумати илоҳӣ омодагӣ вуҷуд надошт. Агар мардуми ҷаҳон омодаи пазириши ин ҳукумат буданд, имом ғоиб намешуд ва ба иҷрои қонуни илоҳӣ мепардохт ва ҳукумати адли исломиро дар саросари ҷаҳон барқарор менамуд.
Пас мумкин аст ба ин ҷиҳат Ғайбати Суғро ба Ғайбати Кубро кашида шуда, идома ёфта бошад. Имоми Аср - ҷони мо фидояш бод, вақте зоҳир гардад, ки мардуми замон ҳамчун гузаштагони худ аз ҳукумати ӯ рӯй барнатобанд ва аз ҳар ҷиҳат омода ва пазирои ҳукумати ӯ бошанд.
Марҳум Хоҷа Насириддини Тӯсӣ менависад:
“Ғайбати ҳазрати Маҳдӣ(а) на аз Худои субҳон аст ва на аз он ҳазрат, пас аз мукаллафин ва мардум аст. Он ғолибан хавфу тамкин надоштани мардум аз имом аст, мавқее, ки сабаби ғайбат зоил гардад, зуҳур воқеъ мешавад”.[67]
Албатта ғайбат бар асоси ҳикмати илоҳӣ сурат гирифт ва мо ба ҳамаи асрори он воқиф нестем, вале мумкин аст рамзи асосии ғайбат ҳамин нукта бошад. Сарпечӣ ва туғёни ҷомеаҳо аз имомати ёздаҳ имоми маъсум ба таҷриба расид ва мухолифату ҳимоят накардани мардум аз онон дар ин муддат комилан равшан шуд. Маълум шуд, ки мардум намехоҳанд зери бори ҳукумати адли исломӣ бираванд. Дар ин ҳол ғайбат як масъалаи табиӣ аст ва зуҳуру ҳузури ӯ дар ҷомеа мӯҳтоҷи суол аст ки: ба ин вазъ чаро имом дар ҷомеа зоҳир бошад? Имом ғоиб хоҳад буд ва ба вазифаҳояш пинҳонӣ амал мекунад, то заминаи зуҳураш фароҳам ояд. Он гоҳ зоҳир мешавад ва муштоқонро ба зиёрату ҳимояташ муваффақ месозад; “Инналлоҳа ло юғаййиру мо биқавмин ҳатто юғаййиру мо бианфусиҳим”.
Ин рамз то ҳангоми зуҳур пинҳон аст ва дар он вақт мардуми ҷаҳон дармеёбанд, ки иллати ғайбат дар вуҷуди худашон нуҳуфта ва аз он ғофил будаанд. Агар мардум худро бештар омода мекарданд имом бар онон зоҳир мешуд. Аммо дар садади ислоҳ ва омодагии худ бар наёмаданд ва ба режимҳои гуногун ва фосид дил бастанд. Онҳо гумон карданд, ки режимҳои фосиди мавҷуд метавонанд дардеро даво кунанд.
Албатта, ин ки мегӯем мардум сабаби ғайбати Имоми Аср(а) шуданд, он нест, ки ҳама бо ин гуноҳи бузург олудаанд. Бадеҳӣ аст, ки бисёре аз шоистагон ҳамеша омодаи зуҳур буда ва ҳастанд, аммо ҷомеа худ ин омодагиро надорад ва иҷтимое, ки омодагӣ надошта бошад, табъан бо ҳукумати ӯ мухолиф ва зид хоҳад буд. Аз ҳамин ҷиҳат ғайбат идома меёбад ва Худованд ба василаи ғайбат Имоми Замон (а)-ро аз қатл ҳифз кардааст. Зеро агар пеш аз замони муқарраршуда зоҳир шавад, ӯро хоҳанд кушт ва ба анҷоми маъмурияти илоҳии худ муваффақ намегардад ва ба ҳадафи иҷтимоии зуҳури хеш ноил намешавад.
Марҳум Кулайнӣ дар китоби “Кофӣ” ва Шайхи Тусӣ дар китоби “Ғайбат” аз Зурора нақл кардаанд, ки гуфт:
Хидмати Имом Содиқ (а) расидам ва аз он гиромӣ шунидам, ки фармуд:
- “Барои Қоим (а) пеш аз қиём ғайбате аст”.
Арз кардам:
- Чаро?
Имом(а) ба шиками хеш ишора фармуд (киноя аз он ки аз кушта шудан бим дорад).[68]
Имоми Қоим (а) ҳеҷ режиме ва ҳеҷ ҳукуматеро ҳатто аз рӯи тақия ҳам ба расмият нашнохта ва намешиносад ва маъмур ба тақия аз ҳокиме ва султоне нест ва таҳти ҳукумат ва салтанати ҳеҷ ситамгаре дар наёмада ва дар нахоҳад омад. Вақте зуҳур фармояд, байъате ба касе надорад,[69] барои он ки бояд мутобиқи воқеъ амал кунад ва дини Худоро ба таври комил ва бе ҳеҷ пардапӯшӣ ва биму мулоҳизае иҷро ва дар ҷомеа мустақар созад. Бинобар ин ҷои аҳду мисоқ ба касе ва гузашту муроот нисбат ба касе боқӣ намемонад.
Чунин аст, ки бо собиқаи комилан равшан ва бе он ки ҳеҷ тааҳҳуде нисбат ба касе бар ӯҳдаи ӯ бошад, зуҳур мефармояд ва ҳукуматҳои фосидро дарҳам мешиканад ва Исломро дар саросари гетӣ ҳукмфармо месозад.
Ғайбати суғро ва кубро
Пас аз шаҳодати имоми ёздаҳум (а) аз соли 260-и қамарӣ то соли 329, яне ҳудуди 69 сол давраи Ғайбати Суғро буд.[70] Аз он пас то кунун ва то он гоҳ, ки Имоми Қоим(а) зуҳур фармояд, давраи Ғайбати Кубро аст.
Дар Ғайбати Суғро робитаи мардум бо Имом(а) ба куллӣ қатъ нашуд, аммо маҳдуд буд. Ҳар фарде аз шиа метавонист ба василаи ноибони махсуси имом, ки аз бузургони шиа буданд, мушкилот ва масоили худро ба арзи имом бирасонанд, тавассути онон посух дарёфт намояд ва аҳёнан ба ҳузури имом шарафёб шавад. Ин давраро метавон давраи омодагӣ барои Ғайбати Кубро донист, ки дар он иртибот қатъ шуд ва мардум вазифадор шуданд дар корҳои худ ба ноибони ом, яъне фақеҳон ва огоҳон ба аҳкоми шаръ муроҷиат кунанд.
Агар Ғайбати Кубро якбораю ногаҳон рух медод, мумкин буд сабаби инҳирофи афкор шавад ва зеҳнҳо омодаи пазириши он набошад.
Аммо пайваста ва дар давоми муддати Ғайбати Суғро зеҳнҳо омода шуд ва баъд ғайбати комил оғоз гардид. Инчунин иртибот бо имом тавассути ноибони хос дар даврони Ғайбати Суғро ва шарафёбии бархе аз шиаён ба хидмати Имоми Қоим(а) дар он давра, масъалаи валодат ва ҳаёти он гиромиро бештар собит кард. Агар Ғайбати Кубро бидуни ин муқаддамот шурӯъ мешуд, шояд ин масоил то ин ҳад равшан намешуд ва мумкин буд барои бархе эҷоди нобоварӣ ва ишкол намояд. Худои Мутаол ба ҳикмати хеш ғайбати Имоми Замон(а)-ро ҳамон тавре, ки қаблан Паёмбар (с) ва имомон(а) хабар дода буданд, ба ду шакл қарор дод. Ғайбати сабуктар тайи муддати кӯтоҳтар ҷиҳати омодагӣ барои ғайбати комил, ки он Ғайбати Суғро аст ва пас аз он ғайбати бузург ва тӯлонӣ, ки он Ғайбати Кубро аст, то ба ин тартиб пайравони Аҳли Байт (а) бар имону пайравии худ устувору собитқадам бимонанд, эътиқоди қалбии худро нисбат ба имоми хеш аз даст надиҳанд, дар интизори ӯ ва фараҷи илоҳӣ умр ба сар баранд, дар муддати ғайбат ба дини илоҳӣ тамассук ҷӯянд, худсозӣ кунанд, ба вазифаҳои мазҳабии худ амал намоянд, то фармони илоҳӣ дар мавриди зуҳур ва қиёми Имоми Аср(а) даррасад ва ба саодату наҷоти комил ноил оянд.
Ноибони чаҳоргона
Дар замони Ғайбати Суғро, чаҳор тан аз бузургони шиа вакил, сафир ва ноибони махсуси Имоми Замон (а) буданд, ки хидмати он ҳазрат мерасиданд ва ваколаташон ба хусус мавриди таид буд. Посухҳои Имом(а) дар ҳошияи номаҳои суолӣ, тавассути онон ба дасти мардум мерасид.
Албатта ғайр аз ин чаҳор нафар вакилони дигаре ҳам аз тарафи Имом (а) дар кишварҳои мухталиф буданд. Ба василаи ҳамин чаҳор нафар умури мардумро ба арзи имоми Замон(а) мерасонданд ва аз ҷониби имом дар мавриди онон посух ва имзоҳое содир шуда буд.[71] Ба гуфтаи марҳум оятуллоҳ Сайид Мӯҳсини Амин, сафорати ин чаҳор нафар сафорати мутлақ ва ом буда, вале дигарон дар мавридҳои хоссе сафорат доштанд, аз қабили: Абулҳусайн Муҳаммад ибни Ҷаъфари Асадӣ ва Аҳмад ибни Исҳоқи Ашъарӣ ва Иброҳим ибни Муҳаммади Ҳамдонӣ ва Аҳмад ибни Ҳамза ибни Ясаъ”.[72]
Ноибони чаҳоргона ба тартиб иборатанд аз:
1- Абӯамр Усмон ибни Саиди Амрӣ
2- Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Усмон ибни Саиди Амрӣ
3- Абулқосим Ҳусайн ибни Рӯҳи Навбахтӣ
4- Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ
Абӯамр Усмон ибни Саид мавриди эътимоди мардум, ҷалилулқадр ва вакили ҳазрати Ҳодӣ ва ҳазрати Аскарӣ буд.[73] Ӯ ба амри Имом (а) мутасаддии кафан ва дафни Имом Аскарӣ гардид.[74] Вай дар Сомарро дар маҳаллаи Аскар сукунат дошт ва ба ҳамин муносибат ба ӯ низ Аскарӣ гуфта мешуд. Барои он ки маъмурони дарборӣ ба корҳо ва хизматҳои ӯ нисбат ба Имом (а) пай набаранд, равғанфурӯшӣ мекард.[75] Замоне ки тамос бо Имом Аскарӣ (а) барои шиаён мушкил буд, амвол тавассути ӯ барои имом ирсол мешуд. Ҷаноби Усмон ибни Саид амволро дар зарфҳои равған мерехт ва назди имом мебурд.[76]
Аҳмад ибни Исҳоқи Қумӣ мегӯяд: “Ба Имом Ҳодӣ (а) арз кардам, ки ман гоҳе ғоиб ва гоҳе ҳозирам, вақте ҳам ҳузур дорам ҳамеша наметавонам хидмататон бирасам, сухани чӣ касеро бипазирам ва фармони чӣ касеро итоат кунам?”
Фармуд:
“Ин Абӯамр (Усмон ибни Саиди Амрӣ) мавриди итминон ва амин аст. Он чӣ ба шумо бигӯяд аз ман гӯяд ва он чӣ ба шумо бирасонад, аз ман мерасонад”.
Аҳмад ибни Исҳоқ мегӯяд: пас аз реҳлати Имом Ҳодӣ (а) назди Имом Аскарӣ рафтам ва ҳамон гуфтаро такрор кардам. Он гиромӣ низ монанди падари бузургвораш фармуд:
”Абӯамр амин ва мавриди итминони имоми гузашта ва мавриди итминони ман дар зиндагӣ ва пас аз марги ман аст. Он чӣ ба шумо гӯяд аз ман гуфта аст ва он чӣ ба шумо расонад аз ман расонида аст”.[77]
Усмон ибни Саид пас аз Имом Аскарӣ (а) ба фармони Имоми Қоим(а) ба ваколат ва ноибӣ идома дод ва шиаён масоили худро назди ӯ мебурданд ва посухи Имом (а) тавассути ӯ ба мардум мерасид.
Марҳум Муҳаққиқи Домод дар китоби “Сиротулмустақим” навиштааст: ”Шайхи мувассақ Усмон ибни Саиди Амрӣ нақл кардааст, ки Ибни Абӯғоними Қазвинӣ гуфт: Имом Аскарӣ (а) дар ҳоле ки фарзанде надошт реҳлат кард! Шиаён бо ӯ низоъ ва муҷодала карданд ва ба ноҳияи муқаддасаи имом нома навиштанд, номае бидуни мураккаб (ранг), яъне матолиби худро бо қалами хушк рӯи қоғази сафед навиштанд, то посухи он нишона ва мӯъҷизае бошад. Аз ҷониби Имом(а) ба ин шарҳ ҷавоб содир шуд:
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Худованд мо ва шуморо аз гумроҳӣ ва фитнаҳо маҳфуз дорад. Хабари шак ва тардиди гурӯҳе аз шумо дар дин ва дар вилояти валиамрашон ба мо расид. Ин хабар моро мутаассир ва андӯҳгин сохт. Албатта ин таассуф барои шумост на барои худамон, зеро Худо бо мо ва ҳақ бо мост. Касе, ки аз мо дур шавад мӯҷиби ваҳшати мо намегардад. Мо сохта ва пардохтаи Парвардигорамон ҳастем ва офаридагон сохтаю пардохтаи мо . (Мо аз файзҳои илоҳӣ баҳраварем ва мардум аз фуюзи мо баҳравар мешаванд).
Чаро дар шак ғӯтаваред, оё намедонед он чӣ аз имомони шумо расида, воқеъ хоҳад шуд. (Имомони гузашта хабар доданд, ки Қоим (а) ғайбат хоҳад кард). Оё надидед чӣ гуна Худо аз замони ҳазрати Одам то замони имоми гузашта ҳамвора паногоҳҳое қарор дод, ки мардум ба сӯи онҳо бираванд ва нишонаҳое, ки мардум ба воситаи онҳо ҳидоят шаванд. Ҳар гоҳ парчаме пинҳон шуд, парчами дигаре ошкор гашт ва ҳар вақт ситорае ғуруб кард, ситораи дигаре дурахшид. Оё пиндоштаед, ки Худованд пас аз он ки Имом (Имоми ёздаҳум)-ро қабзи рӯҳ фармуд ва ба сӯи худ бурд, дини худро ботил ва сабабу василаи миёни худ ва халқро қатъ кардааст. Ҳаргиз чунин нест ва нахоҳад буд, то қиёмат барпо шавад ва амри Худо зоҳир гардад, дар ҳоле ки хушояндашон набошад. Пас, аз Худо бипарҳезед ва таслими мо бошед ва амрро ба мо баргардонед. Ман шуморо насиҳат кардам ва Худо гувоҳ бар ману шумост”.[78]
Усмон ибни Саид пеш аз вафот ба фармони Имоми Аср(а) фарзанди худ Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Усмонро ба ҷонишинии худ ва ниёбати (ноиб) Имом муаррифӣ кард.
Муҳаммад ибни Усмон низ ҳамчун падар аз бузургони шиа, дар тақво адолат ва бузургворӣ мавриди эътимод ва эҳтироми шиаён буд. Марҳум Шайх Тӯсӣ менависад: ”Шиа бар адолат, тақво ва амонати ӯ иттифоқ доштанд”.[79]
Пас аз даргузашти ноиби аввал ҷаноби Усмон ибни Саид тавқее[80] аз ҷониби Имоми Замон (а) дар мавриди вафоти ӯ ва нисбати фарзандонаш – Муҳаммад содир шуд, ки тарҷумаи он чунин аст:
“Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. Дар баробари фармони ӯ таслим ва ба қазои ӯ розӣ ҳастем. Падарат саодатманд зист ва писандида даргузашт. Худованд ӯро раҳмат кунад ва ба пешвоёну сарваронаш (а) мулҳақ созад. Ҳамвора дар кори онон ҷаҳд меварзид ва дар он чӣ мӯҷиби тақарруб (наздикӣ) ба Худои азиз ва ҷалил ва пешвоён буд, мекӯшид. Худованд рӯҳи ӯро шод ва шодоб дорад ва аз лағжишаш даргузарад”.
Ва дар қисмати дигар аз ин тавқеъ фармудааст:
“Худованд подоши туро бузург дод ва ба ту дар мусибат оромиши некӯ ато фармояд. Ту мусибатзада шудӣ ва мо низ мусибатзада шудем. Дурии ӯ туро ва моро ба мусибати танҳоӣ ва фақди ӯ мубтало сохт. Худованд ӯро ба раҳмати худ дар ҷойгоҳ ва оромгоҳаш масрур созад. Аз камоли саодати падарат буд, ки Худованд фарзанде чун туро ба ӯ иноят кард, ки пас аз ӯ ҷонишинаш гардӣ ва дар кораш қоиммақоми ӯ бошӣ ва барояш талаби омӯрзиш ва раҳмат намоӣ. Ман Худоро сипос мегузорам, ҳамоно дилҳо ба макону манзалати ту ва он чӣ Худо дар ту ва назди ту қарор дода, шоду хушнуд аст. Худованд туро ёрӣ фармояд, нерӯманду устувор созад, муваффақ бидорад, сарпараст, муроқиб ва нигаҳбони ту бошад”.[81]
Абдулло ибни Ҷаъфари Ҳимярӣ мегӯяд: “Вақте Усмон ибни Саид даргузашт номае ба хатте, ки имом қаблан ба он бо мо мукотиба мекард, барои мо омад. Дар он Абӯҷаъфар (Муҳаммад ибни Усмон ибни Саиди Амрӣ) ба ҷои падар мансуб шуда буд”.[82]
Инчунин дар тавқеи дигар Имом (а) зимни посух ба саволҳои Исҳоқ ибни Яъқуби Кулайнӣ навиштанд:
“Ва аммо Муҳаммад ибни Усмони Амрӣ, Худо аз ӯ ва аз падараш, ки қаблан мезист розӣ ва хушнуд бошад, пас ҳамоно ӯ мавриди вусуқи (эътимод) ман ва навиштаи ӯ навиштаи ман аст”.[83]
Абдулло ибни Ҷаъфари Ҳимярӣ мегӯяд, ки аз Муҳаммад ибни Усмон пурсидам:
- Соҳибуламрро дидаӣ?
Фармуд:
- Бале, охирин мулоқотам бо ӯ канори Байтуллоҳ буд, ки мегуфт: ”Аллоҳумма анҷиз лӣ мо ваъадтанӣ”[84] ва инчунин ӯро дар Мустаҷор (маҳалле аст наздики рукни ямонӣ ва муқобили дари Каъба ва ҷое аст, ки гунаҳкорон ба он ҷо паноҳ мебаранд) дидам, ки мегуфт:
“Аллоҳумма интақим бӣ аъдоӣ”.[85]
Ва низ Муҳаммад ибни Усмон мефармуд: ”Соҳибуламр(а) ҳар сол дар маросими ҳаҷ ҳозир мешуд. Ӯ мардумро мебинаду мешиносад ва мардум ӯро мебинанд вале намешиносанд”.[86]
Муҳаммад ибни Усмон барои худ қабре тартиб дода ва онро бо соҷ (навъе порча ва либос) пӯшонда буд. Ӯ рӯи он оёте аз Қуръони карим ва номҳои имомони покро навишта буд. Ҳар рӯз дохили қабр мешуд ва як ҷузъ аз Қуръонро қироат мекард ва берун меомад.[87]
Ин бузургвор пеш аз марг аз рӯзи вафоти худ хабар дод ва дар ҳамон рӯз аз олам чашм пӯшид. Пеш аз реҳлаташ гурӯҳе аз бузургони шиа назди ӯ омаданд ва Абулқосим Ҳусайн ибни Рӯҳи Навбахтиро ба амри Имоми Замон (а) барои сафорату иртибот бо имом муаррифӣ кард. Ӯ чунин фармуд:
“Ӯ қоиммақоми ман аст, ба ӯ муроҷиат кунед”.[88]
Ҷаноби Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Усмони Амрӣ дар соли 505-и ҳиҷрии қамарӣ аз олам чашм пӯшид,[89] Худо эшонро раҳмат кунад.
Ҳусайн ибни Рўҳи Навбахтӣ
Ҷаноби Абулқосим Ҳусайн ибни Рӯҳи Навбахтӣ назди мувофиқ ва мухолиф азамату бузургии хосе дошт. Ӯ ба ақл, биниш, тақво ва фазилат машҳур буд ва тамоми фирқаҳои гуногуни мазҳабӣ ба ӯ таваҷҷӯҳ доштаанд. Дар замони ноиби дуюм Муҳаммад ибни Усмони Амрӣ аз ҷониби ӯ мутасаддии порае аз умур буд. Дар миёни ёрони хоси Муҳаммад ибни Усмон, Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Мутили Қумӣ беш аз дигарон бо ӯ хусусӣ ва муртабит буд, чунон ки ҳатто дар охири зиндагии Муҳаммад ибни Усмон таоми ӯ дар хонаи Ҷаъфар ибни Аҳмад ва падараш муҳаё мешуд.
Миёни асҳоби ноиби дуюм эҳтимоли ҷонишинии Ҷаъфар ибни Аҳмад ибни Мутил аз дигарон бештар буд. Дар охири соатҳои зиндагӣ ва ҳангоми аз дунё рафтани Муҳаммад ибни Усмон, Ҷаъфар ибни Аҳмад болои сари ӯ ва Ҳусайн ибни Рӯҳ поини пояш нишаста буданд.[90] Муҳаммад ибни Усмон ба Ҷаъфар ибни Аҳмад рӯ кард ва фармуд: ”Маъмур шудаам, ки умурро ба Абулқосим Ҳусайн ибни Рӯҳ вогузор намоям”.
Ҷаъфар ибни Аҳмад аз ҷой бархост ва дасти Ҳусайн ибни Рӯҳро гирифта, ӯро болои сари Муҳаммад ибни Усмон нишонд ва худ дар поини пои ӯ нишаст.[91]
Аз сӯи Имоми Қоим (а) дар мавриди Ҳусайн ибни Рӯҳ ин тавқеъ (фармон, имзо) содир гардид:
”Мо ӯро мешиносем. Худованд тамоми хайру ризои худро ба ӯ бишносонад ва ба тавфиқи худ ӯро ёрӣ намояд. Аз мактуби ӯ бохабар шудем ва нисбат ба ӯ вусуқ (боварӣ) ва итминон дорем. Ӯро назди мо макону манзалате аст, ки хушнудаш месозад. Худованд дар эҳсони хеш ба ӯ биафзояд, ки Худо валӣ ва тавоно бар ҳамаи чиз аст. Сипос Худойро, ки шарик надорад ва дуруду саломи фаровони Худо бар фиристодаи ӯ Муҳаммад ва бар хонадони ӯ”.
Ин нома рӯзи якшанбеи 6-уми моҳи шавволи соли 305-и ҳиҷрии қамарӣ содир шуд.[92]
Аз Абӯсаҳли Навбахтӣ, ки аз мутакаллимони бузурги Бағдод ва низ бузурги хонадони Навбахтӣ буд ва китобҳои бисёре таълиф кардааст, пурсидам:
- Чаро мақоми ноибӣ ба шайх Абулқосим Ҳусайн ибни Рӯҳ расид ва шумо ба ин мақом ноил нагардидед?
Гуфт:
- Онон (имомон (а)) донотаранд ва он чӣ баргузинанд (шоистатар ва муносибтар аст), ман фарде ҳастам, ки бо душман бархӯрду мунозира мекунам. Агар (ноиби Имом будам ва) макони Имоми Замон(а)-ро медонистам, чунонки акнун Абулқосим Ҳусайн ибни Рӯҳ (ба ҷиҳати ниёбат) медонад ва (дар гирудори баҳс перомуни имом бо мухолифон) дар тангно қарор гирам, мумкин аст (натавонам худро идора кунам ва) ҷои имомро ифшо намоям.
Вале Абулқосим (Ҳусайн ибни Рӯҳ дар худдорӣ ва китмони асрор чунон аст, ки ) агар Имом (а) дар зери домони ӯ махфӣ бошад ва ӯро бо олоти буранда пора-пора намоянд, домони худро аз ӯ намебардорад. (ва ӯро ба душман нишон нахоҳад дод).[93]
Ҷаноби Абулқосим Ҳусайн ибни Рӯҳ ҳудуди 21 сол мақоми ниёбатро (ноибӣ) дошт. Қабл аз вафоти ӯ умури ниёбатро ба амри Имом(а) ба Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ вогузор кард ва дар моҳи шаъбони соли 326-и ҳиҷрӣ аз олам даргузашт. Оромгоҳи ин бузургвор дар Бағдод аст.[94]
Абулҳасани Самарӣ
Муаллифи китоби “Мунтаҳалмақол” дар бораи ноиби чорум ҷаноби Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ менависад:
”Ҷалолати қадри ӯ ончунон зиёд аст, ки ниёзе ба тавсиф надорад”.
Он бузургвор ба фармони Имоми Аср(а) пас аз Ҳусайн ибни Рӯҳ ӯҳдадори ноибии Имом(а) ва расидагӣ ба корҳои шиаён гардид.
Марҳум Муҳаддиси Қумӣ менависад:
”Абулҳасани Самарӣ рӯзе ба ҷамъе аз машоих, (шайхҳо) ки назди ӯ буданд, фармуд: “Худованд ба шумо дар мусибати Алӣ ибни Бобавайҳи Қумӣ аҷр иноят фармояд, дар ин соат аз дунё рафт”.
Онон соат ва рӯзу моҳро ёддошт карданд, ҳабдаҳ ё ҳаждаҳ рӯз баъд хабар расид, ки дар ҳамон соат Алӣ ибни Бобавайҳи Қумӣ вафот кардааст”.[95]
Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ дар соли 329-и ҳиҷрӣ даргузашт.[96] Пеш аз вафоташ гурӯҳе аз шиаён назди ӯ гирд омаданд ва пурсиданд:
- Пас аз ту чӣ касе ҷонишини ту хоҳад буд?
Посух дод:
- ”Ман вазифадор нашудаам, ки дар ин маврид ба касе васият кунам.[97]
Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ инчунин тавқееро, ки аз сӯи Имоми Замон (а) дар ин бора содир шуда буд, ба шиаён нишон дод, ки мазмуни он чунин буд:
“Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Эй Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ, Худованд дар мусибати ту подоши бародаронатро азим дорад.
Ту то шаш рӯзи дигар аз дунё хоҳӣ рафт. Пас умури хешро фароҳам овар ва ба ҳеҷ кас васият макун, ки пас аз ту ҷонишини ту шавад. Ба таҳқиқ “Ғайбати Кубро” воқеъ шуд, зуҳуре нахоҳад буд, то он гоҳ ки Худои Мутаол фармон диҳад, он пас аз муддати тӯлонӣ, қасовати дилҳо[98] ва пур шудани замин аз ситам аст. Ба зудӣ афроде назди шиаёни ман даъвогари мушоҳида – ва иртибот ба Имоми Ғоиб ба унвони ноиби хос – мешаванд. Он гоҳ бошед, ки ҳар кас пеш аз “Хуруҷи суфёнӣ” ва пеш аз “Сайҳа”[99] чунин даъвое намояд (манзури даъвои дидан ба унвони сафорат ва ниёбат аст) дуруғгӯ ва ифтирозананда аст, ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил алийил ъазим”.[100]
Рӯзи шашум ҷаноби Абулҳасани Самарӣ аз дунё рафт ва дар хиёбони Хуланҷӣ канори наҳроби Итоб дафн гардид.[101]
Ноибони хоси Имом(а) аз парҳезкортарин ва шарифтарин мардони асри хеш ва бисёр мавриди эътимоду итминони шиаён буданд. Дар тӯли солҳои “Ғайбати Суғро “ шиаён пурсишҳо ва мушкилоти худро ба он бузургворон арза медоштанд ва Имом (а) посухро тавассути онон барои шиаён мефиристоданд. Дар он ҳангом ин гуна иртибот барои ҳама мумкин буд, ҳатто баъзе аз шоистагон тавонистанд тавассути ноибони хос хидмати имом шарафёб ва ба дидори он азиз муваффақ шаванд. Каромот ва мӯъҷизот дар ин давра аз ҷониби Имом(а) ва ба василаи ноибони хос буруз мекард ва шиаёнро нисбат ба онон мутмаинтар месохт. Марҳум Шайхи Тӯсӣ дар китоби “Эҳтиҷоҷ” менависад:
“Ҳеҷ як аз ноибони хоси Имоми Аср арвоҳуно фидо ба ниёбат қиём накард, магар ба фармони сариҳе аз ҷониби Имом(а) ва низ бо таъйин, насб ва муаррифии ноиби қаблӣ. Шиа низ гуфтори ҳеҷ якро напазируфт магар баъд аз бурузи нишона ва мӯъҷизае ба дасти ҳар яки онон аз тарафи Имоми Аср (а), ки бар ростии гуфтор ва дурустии ниёбаташон далолат мекард...”.[102]
Ба ҳар сурат бо поён гирифтани даврони ”Ғайбати Суғро” даврони “Ғайбати Кубро” оғоз шуд ва ҳанӯз идома дорад. Дар замони “Ғайбати Суғро” мардум метавонистанд ҷавоби пурсишҳои худро аз имом тавассути ноибони хос дарёфт намоянд, вале дар ин замон ин кор мумкин нест. Мардум бояд масъалаҳои худро ба ноибони омми он бузургвор арза кунанд ва посухи масоилро аз онон бигиранд, зеро ба ҳукми тахассусӣ, ки доранд ва низ ба ҳукми ривоёте, ки ворид шудааст, ҳуҷҷат аст. Марҳуми Кашшӣ менависад, ки тавқее аз ноҳияи Имом(а) содир шуд, ки дар он фармудаанд: ”Узр ва баҳонае барои ҳеҷ як аз дӯстони мо дар ташкик (шак кардан) нисбат ба он чӣ сиқоти (шахсоне, ки гуфторашон росту боварибахш аст) мо аз мо нақл мекунанд нест, донистанд, ки мо сирри худро ба онон вогузор кардем ва ба онон додем.[103]
Инчунин Шайх Тӯсӣ, марҳум Шайх Садуқ ва Шайх Табарсӣ аз Исҳоқ ибни Аммор нақл кардаанд, ки гуфт: Мавлои мо ҳазрати Маҳдӣ (а) дар мавриди вазифаи пайравони он ҳазрат дар замони ғайбат фармудааст:
”Ва аммал ҳаводисул воқиъату фарҷиъу фиҳо ило рувоти ҳадисино фаиннаҳум ҳуҷҷатӣ алайкум ва ана ҳуҷҷатуллоҳи алайҳим”.[104]
Дар ҳодисаҳо ва пешомадҳое, ки воқеъ мешаванд ба ривояткунандагони ҳадиси мо руҷӯъ кунед, ки онон ҳуҷҷати ман бар шумо ҳастанд ва ман ҳуҷҷати Худо бар онон мебошам.
Марҳум Табарсӣ низ дар китоби “Эҳтиҷоҷ” аз Имом Содиқ (а) нақл кардааст, ки зимни ҳадис фармудаанд:
”Ва аммо ман кона минал фуқаҳои соинан линафсиҳи ҳофизан лидиниҳи мухолифан лиҳавоҳу мутиъан лиамри мавлоҳу фалилъавоми ан юқаллидуҳу”.[105]
Ҳар як аз фуқаҳо, ки муроқиби нафсаш, нигаҳбони динаш, мухолифи ҳавою ҳавасаш, мутеи фармони мавлояш (яъне имомон (а)) бошад, бар авом лозим аст, ки аз ӯ тақлид кунанд.
Ба ин тартиб умури мусулмонон дар замони “Ғайбати Кубро” ба дасти Валии Фақиҳ қарор гирифт, ки бо назари ӯ бояд анҷому ҷараён ёбад. Гарчи мансаби фатво, қазоват ва ҳукм барои фуқаҳо аз пеш тавассути имомони маъсум ҷаъл шуда буд, вале расмияти марҷаият ва заомати (раҳбарӣ) фуқаҳои Ислом аз ин таърих падид омад ва то зуҳури он ҳазрат идома хоҳад дошт.
Осори мусбат ва манфии ғайбат
Имон ба ҳазрати Маҳдӣ (а) сабаби рушди фикр ва умед аст. Имон ба Маҳдии Мавъуд ба эҳтимоли он ки ҳар соате мумкин аст он ҳазрат зуҳур фармояд, дар покдилон ва шоистагон асари аниқ ва созанда дорад; онон худро омода месозанд, аз зулмҳою таҷовузҳо дурӣ меҷӯянд, ба адолату бародарӣ ишқ меварзанд, то тавфиқи ёрии Имом(а) ва дарки маҳзарашро биёбанд, аз дидору зиёраташ маҳрум нашаванд ва ба оташи дурию нохушнудии он гиромӣ насӯзанд. Имон ба ҳазрати Маҳдӣ(а), ки зери бори ҳеҷ ҳукумате аз ҳукуматҳои фосид ва ситампеша нарафтааст, ҳолате дар пайравонаш ба вуҷуд меоварад, ки дар баробари ҳар золим ва тоғуте муқовимат кунанд, зери бори ӯ нараванд ва ӯро инкор намоянд.
Имон ба зуҳури он гиромӣ набояд сабаб шавад, ки мусулмонон умурро ба оянда вогузор кунанд, гӯшанишинӣ ва тарки дунё кунанд, дар корҳо имрӯзу фардо гӯянд, ҳукумати куффор ва ашрорро бипазиранд, аз кӯшиш дар роҳи тараққиёти илму саноат дурӣ кунанд ва ба ислоҳоти иҷтимоӣ даст назананд.
Ин пиндор, ки имон бар зуҳури Маҳдӣ(а) мӯҷиби сустӣ, ғафлат ва футур мегардад, ботил аст. Магар имомони маъсум ва шогирдони пурталошу пойдори онон ба зуҳури Қоим(а) имон надоштанд, магар уламои бузурги Ислом бо он гиромӣ мӯътақид набуданд; дар айни ҳол аз кӯшиш боз намеистоданд, барои эълои (болобардорӣ) калимаи Ислом аз ҳеҷ фидокорӣ ва талоше худдорӣ намекарданд. Онон ҳаргиз аз масъулиятҳои хеш канор намерафтанд ва ба вазоифи вазнини худ мепардохтанд ва нақши созандаи хешро ба камоли умед пиёда мекарданд.
Мусулмонони садри Ислом аз Паёмбари бузурги Ислом шунида буданд, ки Ислом пеш меравад ва футӯҳоти бузург дар пеш доранд. Ҳамаи ин башоратҳо сабаби сустию канорагирии онон нашуд, балки бар талоши онон афзуд ва бо мардонагию фидокорӣ ба ҳадаф расиданд. Имрӯз ҳам мусулмонон ӯҳдадори масъулиятҳои бузург ҳастанд, ки бояд бо истиқомат ба анҷом расонанд, мавқеиятро бишносанд, аз фурсатҳо ба хубӣ истифода намоянд, ҳамеша дар саҳна ҳозир бошанд, аз мункирот манъ ва маъруфро нашр ва амалӣ намоянд, аз нуфуси душман ҷилавгирӣ ба амал оваранд, дар баробари ҳуҷумҳои фикрию иқтисодӣ ва сиёсию низомии душман ба дифоъ аз Ислом ва мусулмонон бипардозанд. Ононро зарур аст, ки ҳарчи беҳтару бештар худсозӣ кунанд, то қобилияти дарку ёрии Имоми Аср (арвоҳуно фидо) дар онон собит шавад ва мавриди лутфи ӯ қарор гирад ва заминаро ҳарчи бештар барои зуҳури он гиромӣ фароҳам оваранд.
Амири мӯъминон Алӣ (а) аз Паёмбари азизи Ислом (с) нақл фармудаанд:
“Афзалул ибодати интизорул фараҷ”.[106]
Интизори фараҷи ҳазрати Бақиятуллоҳ (а) бартарин ибодат аст.
Чорумин имом - Зайнулобидин (а) чунин фармуданд:
“Ғайбати имоми дувоздаҳум тӯлонӣ мешавад. Мардуми замони ғайбати ӯ, ки мӯътақид ба имомати ӯ ва мунтазири зуҳури ӯ бошанд бартар аз мардуми ҳамаи замонҳо хоҳанд буд, зеро Худои Мутаол аз ақл, фаҳм ва маърифат ба онон ба ҳадде ато кардааст, ки замони ғайбат назди онҳо мисли замони ҳузури Имом(а) аст. Худо ононро дар он замон ба манзалаи муҷоҳидин дар рикоби Расули Худо қарор додааст. Онон ба ростӣ мухлисанд ва воқеан шиаи (тарафдор, ҷонибдор) мо ҳастанд ва ононанд, ки дар сирру пинҳон мардумро ба сӯи Худо мехонанд.
Ва фармуданд:
“Интизорул фараҷ мин аъзамил фараҷ”.[107]
Дар интизори фараҷ будан аз бузургтарин фараҷ аст”.
Марҳум оятуллоҳ Сайид Садруддини Садр менависад:
“Интизор муроқибати ҳусул ва таҳаққуқи амри мавриди интизор аст. Пӯшида нест, ки осори интизори зуҳури ҳазрати Маҳдӣ(а) аз ислоҳи худ, ислоҳи иҷтимоъ (ҷомеа) ба хусус иҷтимои “имомия” (шиа) ба шарҳи зер аст:
1. Интизор худ ба худ тамрин (машқ) ва риёзати (парҳез, худдорӣ) муҳимме барои нафси инсон аст, то он ҷо ки гуфта шудааст, “Ал-интизору ашадду минал қатл”- ва лозимаи интизор машғул доштани қувваи мутафаккира ва таваҷҷӯҳ додану ҷамъ кардани нерӯи фикру хаёл ба сӯи матлаби мавриди интизор мебошад ва ин кор ду фоида дарбар дорад:
а) Нерӯи фикрии инсон муҷиби афзоиши нерӯи амал мегардад.
б) Инсон тавоноӣ ва қудрати мутамарказ кардани ҳисҳо ва нерӯи худро перомуни мавзӯи воҳиде пайдо мекунанд. Ин ду фоида аз муҳимтарин корҳое аст, ки инсон дар маод ва масоили худ ба он ниёз дорад.
2. Интизор сабаби осонии мусибатҳо ва мушкилот бар инсонҳо мешавад, зеро медонад, ки дар маърази ҷуброн ва бартараф шудан ҳастанд. Чӣ миқдор тафовут аст миёни мусибате, ки инсон бидонад тадорук ва ҷуброн мешавад ва мусибате, ки тадоруку ҷуброни он маълум нест; бахусус он ки эҳтимоли тадорук ва ҷуброн наздик бошад. Ҳазрати Маҳдӣ (а) ба зуҳури худ заминро пур аз қисту адл месозад ва ҳамаи мусибатҳоро бартараф месозад.
3. Лозимаи интизор он аст, ки инсон шавқу алоқа пайдо мекунад, ки аз асҳоби Имоми Аср ва шиаи ӯ, балки аз ансору ёварони ӯ шавад. Лозимаи ин алоқа саъю талош дар ислоҳи нафс ва таҳзиби ахлоқ аст, то шоистагии мусоҳибат бо он гиромӣ ва ҷиҳод дар ҳузури ӯро пайдо кунанд; оре ин ниёзманд ба ахлоқи исломӣ аст, ки имрӯз дар ҷомеаи мо камёб аст.
4. Интизор сабаб мешавад, ки инсон ба таҳияи муқаддамот ва шароите пардозад, ки сабаби ғалабаи ҳазрати Маҳдӣ (а) бар душманонаш гардад. Лозимаи ин ҳадаф касби маориф ва улуми саноие аст, ки ҳадафи ниёзманди онҳост. Бахусус, он ки маълум аст ғалабаи он гиромӣ бар душманонаш ба тариқи оддӣ хоҳад буд. Инҳо бархе аз осори интизори ростин аст”.[108]
Марҳуми Музаффар менависад:
“Интизори муслиҳи ҷаҳон ва наҷотдиҳандаи онон ки барҳақ ҳазрати Маҳдӣ(а) аст, ба он маъно нест, ки дар иҷрои ҳақоиқи дин даст рӯи даст гузошта ва коре анҷом надиҳанд. Бахусус дар воҷиботи динӣ монанди ҷиҳод дар роҳи иҷрои қонунҳои дин, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар наметавон аз худ салби масъулият (бемасъулиятӣ) кард, чун ки мусулмон дар ҳар ҳол муваззаф (вазифадор) аст ба аҳкоми илоҳӣ амал кунад ва дар роҳи шинохти дурусти он гом бардорад, то метавонад амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар кунад ва раво нест ба баҳонаи интизори Муслиҳ аз амал ба воҷибот сар боз занад. Интизор ҳеҷ гуна таклиферо аз мусулмон соқит намекунад ва ҳеҷ гуна амалеро ба таъхир намеандозад”.[109]
Ба ин тартиб бадеҳӣ аст, ки шиа дар замони ғайбат низ дар имтиҳон ва озмоиши бузурге қарор мегирад. Бояд ӯ аз сӯе дини худро ҳифз кунад ва аз сӯи дигар заминасозӣ намояд, то дар рикоби он гиромӣ ба нусрати Ислом бипардозад ва бисёре аз мардум дар ин имтиҳон ва озмоиш муваффақ нахоҳанд буд.
Ҷобири Ҷӯъфӣ мегӯяд, ки ба Имом Боқир (а) арз кардам: “Фараҷи шумо чӣ вақт аст?”
Фармуданд:
“Ҳайҳот, ҳайҳот. Фараҷи мо намеояд, то ғалбер шавед, сипас ғалбер шавед (Имом(а) се бор ин ҷумларо такрор карданд), то мардуми нопок раванд ва мардуми соф боқӣ монанд”.[110]
Оре, интизор ин хосиятро дорад, ки пас аз анҷоми вазифаҳо ва саъю кӯшиш боз яъсу ноумедӣ надоранд ва мунтазиру умедворанд, ки фараҷ аз сӯи Худо бирасад.
Аз ҷумла осори дигари муҳимми ғайбат ин аст, ки башарият дар ин даврон тавони худро бакор мегирад ва ба таҷриба дармеёбад, ки бе ваҳй ва илҳому имдодҳои ғайбӣ наметавон корвони башариятро ба мақсади аслӣ ва ниҳоӣ, ки наздикӣ ба Худост расонад ва оқибат бояд дар муқобили ваҳй ва таълимоти илоҳию осмонӣ сари таслим фурӯд оварад.
Фоидаҳои вуҷуди Имом (а) дар ғайбат
Бархе аз мардум, ки аз фалсафаи вуҷуди имоми маъсум ба хубӣ хабар надоранд, мепурсанд; пас фоидаи Имом дар асри ғайбат чист? Инон намедонанд, ки ғараз аз офариниши ҷаҳони ҳастӣ он гоҳ комил аст, ки ҳуҷҷати маъсуми илоҳӣ вуҷуд дошта бошад, то ба маърифати комили хеш ба ибодат дар пешгоҳи қурби рубубӣ (наздикӣ бо Худо) бипардозад.
Фариштагон ба асли хилқати инсон эътироз доштанд ва фасодҳои ӯро бо итоатҳояш муқоиса мекарданд ва тарҷеҳе (имтиёзу афзалияте) барои офариниши инсон намедиданд ва мегуфтанд:
“А таҷъалу фиҳо ман юфсиду фиҳо ва ясфикуд димоа ва наҳну нусаббиҳу биҳам-дика ва нуқаддису лака”.[111]
Худованд бо нишон додани илму огоҳии Одам (а) нисбат ба ҳақоиқи ҷаҳон ва малакути он (ки дар ниҳоят сабаби шинохти комили Худои Мутаол, бандагӣ ва ибодати ӯ мегардад) онҳоро қонеъ ва сокит сохт. Вақте Одам(а) ба фармони Худо илми худро барои фариштагон ошкор сохт ва онон ба ҳақиқати вуҷудии ҳуҷҷатҳои илоҳӣ ва манзалати азими онон назди Худо ошно шуданд, дарёфтанд, ки тасбеҳу тақдиси[112] фариштагон қобили қиёс бо тасбеҳу тақдиси авлиё ва ҳуҷҷатҳои илоҳӣ нест. Сабаб ин буд, ки ин барҷастагон аз навъи башаранд, офариниши навъи башар баҷо ва шоиста аст ва тарҷеҳ[113] дорад.
Пас, вуҷуди ин барҷастагон аст, ки фалсафаи офаринишро қонеъкунанда месозад ва ҳамаи фариштагон сари таъзим фурӯд меоваранд, зеро ибодати барҷастагон бемонанд аст ва ибодате ҷои ибодати ононро наметавонад гирад. Ҳамон тавре ки вуҷуди ҳуҷҷатҳои илоҳӣ барои оғозу офариниш ва пайдоиши навъи башар қонеъкунанда буд, дар идомаи ҳаёт ва истимрори силсилаи башарият низ қонеъкунанда аст ва бояд ҳуҷҷатҳои илоҳӣ дар ҷомеаи инсонӣ вуҷуд дошта бошанд. Агар неъмати ҳастӣ шомили ҳоли мост, ба баракати вуҷуди ин шоистагон аст. Агар ин бузургворон набуданд, мо ба вуҷуд намеомадем ва ҳамакнун, ки либоси ҳастӣ бар тан дорем, агар касе аз онон набошад боз ба адам ва нестӣ хоҳем пайваст. Бинобар ин ҳуҷҷатҳои илоҳӣ на танҳо дар маориф ва улум валинеъмати абнои[114] башаранд, балки дар неъмати ҳастӣ ва вуҷуд низ валинеъматанд ва бар мо миннат доранд.
Дар “Зиёрати Ҷомеа” мехонем:
“Маволийя ло уҳсӣ саноакум ва ло аблуғу минал мадҳи кунҳакум ва минал васфи қадракум ва антум нурул ахёри ва ҳудотул аброри ва ҳуҷаҷул ҷаббори бикум фатаҳаллоҳу ва бикум яхтиму ва бикум юнзилул ғайса ва бикум юмсикус самоа ан тақаа алал арзи илло биизниҳи ва бикум юнаффисул ҳамма ва якшифуз зурра...”
”Эй валии неъматҳои ман, саноятонро наметавонам шумориш кунам ва кунҳи (асл) ҳақиқати шуморо наметавонам мадҳ намоям ва аз тавсифи қадру манзалататон нотавонам. Шумо нури хубон, ҳодии некон ва ҳуҷҷатҳои Худои ҷабборед. Худованд ба хотири шумо офаринишро оғоз кард, ба хотири шумо ба ҷаҳон поён медиҳад, ба хотири шумо борон фурӯ мефиристад, ба хотири шумо осмонро аз фурӯрехтан бар замин нигоҳ медорад, ба хотири шумо гирифториро рафъ ва сахтию нороҳатиро бартараф месозад”.
Имом Козим аз падари гиромиашон Имом Содиқ алайҳимо салом нақл мефармоянд:
”... Ва биъибодатино убидаллоҳу азза ва ҷалла ва лавлоно мо убидаллоҳу”.
Ба маърифат ва ибодати мо нисбат ба Худо, Худои азиз ва ҷалил ибодат мешавад ва агар мо набудем ибодати Худо намешуд.[115]
Дар ривоёти зиёде фармудаанд:
“Иннал арза ло тахлу илло ва фиҳо имомун... ”.
Замин ҳаргиз холӣ аз имоми маъсум нахоҳад буд.[116]
Имом Боқир (а) фармуданд:
”Ба Худо савганд, Худованд заминро аз он ҳангом, ки Одамро қабзи рӯҳ кард, холӣ нагузоштааст, магар он ки дар он имоме будааст, ки мардум ба василаи ӯ ба сӯи Худо ҳидоят мешуданд ва ӯ ҳуҷҷати Худо бар мардум мебуд ва замин бидуни имоме, ки ҳуҷҷати Худо бар мардум бошад, боқӣ намемонад.[117]
Масъалаи дигар ҳидояти маънавии Имом (а) аст. Имоми маъсум(а) ҳамон тавре ки дар марҳалаи аъмоли зоҳирӣ ҳодӣ ва раҳнамост, дар марҳалаи ҳаёти маънавӣ низ ҳидоятгар аст ва ҳақоиқи аъмол бо ҳидояти ӯ сайр мекунанд. Худо дар Қуръони карим мефармояд:
”Ва ҷаалноҳум аимматан яҳдуна биамрино ва авҳайно илайҳим фиълал хайроти”.
Ононро имомоне қарор додем, ки ба василаи амри мо мардумро ҳидоят кунанд ва анҷоми корҳои некро ба онон ваҳй кардем.[118]
Дар ҷои дигар низ мефармояд:
“Ва ҷаално минҳум аимматан яҳдуна биамрино ламмо сабару”.
Мо бархе аз ононро имомоне қарор додем, ки ба василаи амри мо ҳидоят кунанд, чун сабр карданд.[119]
Аллома Таботабоӣ менависад:
”Аз ин гуна оятҳо истифода мешавад, ки имом илова бар иршод ва ҳидояти зоҳирӣ дорои як навъ ҳидоят ва ҷазабаи маънавӣ аст, ки аз синхи олами амр ва таҷарруд[120] мебошад ва ба василаи ҳақиқату нуроният ва ботин доштан дар қалбҳои шоистаи мардум таъсиру тасарруф менамояд ва онҳоро ба сӯи мартабаи камол ва ғояти эҷод ҷазб менамояд”[121], “Ва касоне, ки эътироз мекунанд, ки шиа вуҷуди имомро барои баёни аҳкоми дин, ҳақоиқу оин ва роҳнамоии мардум лозим медонанд ва ғайбати имом ноқизи ин ғараз аст, зеро имоме, ки ба василаи ғайбаташ мардум ҳеҷ гуна дастрасӣ ба вай надоранд, фоидае бар вуҷудаш мутараттиб нест... Ин гурӯҳ ба ҳақиқати маънои имомат пай набурдаанд, зеро дар баҳси имомат равшан шуд, ки вазифаи имом танҳо баёни сурии (шаклӣ) маориф ва роҳнамоии зоҳирии мардум нест. Имом чунон ки вазифаи роҳнамоии сурии мардумро ба ӯҳда дорад, ҳамчунон вилоят ва раҳбарии ботинии аъмолро ба ӯҳда дорад ва ӯст, ки ҳаёти маънавии мардумро танзим мекунад ва ҳақоиқи аъмолро ба сӯи Худо суқ[122] медиҳад. Бадеҳӣ аст, ки ҳузур ва ғайбати ҷисмонии имом дар ин боб таъсире надорад ва имом аз роҳи ботин ба нафсҳо ва рӯҳҳои мардум ишроф ва иттисол дорад, агарчи аз чашми ҷисмонии эшон мастур (пинҳон) аст ва вуҷудаш пайваста лозим аст, агарчи мавқеи зуҳур ва ислоҳи ҷаҳониаш то кунун нарасидааст”.[123]
Марҳум Хоҷа Насири Тӯсӣ (р) мефармояд:
”Вуҷудуҳу лутфун ва тасарруфуҳу лутфун охарун ва адамуҳу минно”.
Вуҷуди имом лутф аст ва тасарруфи ӯ дар корҳо лутфи дигар аст ва адами тасаруфи ӯ аз ҷониби худи мост”.
Хуршед, ки дар судмандии он хилоф нест, агар мардум аз он дурӣ кунанд, ишколе мутаваҷҷеҳи вуҷуди хуршед нест. Тақсир аз кори худи мардум аст, ки чаро аз офтоб дурӣ ҷустанд ва худро аз тобиши он пинҳон сохтанд. Набояд гумон кунанд, ки аз офтоб ҳеҷ истифодае намебаранд. Агар хуршед намебуд мардум ҳатто дар паноҳгоҳҳои худ ҳам наметавонистанд зиндагӣ кунанд. Ҳамин офтобе, ки аз он дурӣ ҷустанд ва аз тобиши мустақими он худро пинҳон доштаанд, барои онон имкони кор, фаъолият, тағзия (ғизо) ва ҳаётро фароҳам сохтааст.
Дар ривоёти исломӣ низ Имоми Ғоиб (а) ба офтоби паси абр ташбеҳ шудааст. Сулаймони Аъмаш аз Имом Содиқ (а) пурсид:
- Чӣ гуна мардум аз ҳуҷҷати Худо, ки ғоиб бошад истифода мекунанд?
Фармуданд:
- Ҳамонтавр ки аз хуршед вақте, ки абрҳо онро пӯшондаанд истифода менамоянд.[124]
Инчунин Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ аз Паёмбари гиромӣ(с) суол кард:
- Оё шиаён дар замони ғайбат аз Имоми Ғоиб фоидае мебаранд?
Фармуданд:
- Оре, савганд ба онки маро ба нубувват мабъус сохтааст, онон ба нури ӯ равшанӣ мегиранд ва ба вилояти ӯ нафъ мебаранд, монанди нафъ бурдан аз офтоб, ҳарчанд абрҳо ӯро пӯшонда бошанд.[125]
Илова бар ин Имоми Замон (арвоҳуно фидо) ҳар сол дар маросими ҳаҷ ширкат мекунанд ва дар маҷлисҳою мафҳилҳо рафтуомад доранд. Чӣ басо мушкилоти баъзе аз мӯъминонро бевосита ё бавосита ҳал намоянд ва ҳатто мумкин аст, мардум ӯро бинанд, вале ӯро нашиносанд.
Имом(а) ононро мебинад ва мешиносад ва бархе солеҳону шоистагонро мавриди лутфи хеш қарор медиҳад. Бисёре аз мардум дар Ғайбати Суғро ва Ғайбати Кубро ба дидори он бузургвор ноил шудаанд, мӯъҷизоту каромоте аз он гиромӣ дидаанд ва мушкилоташон ҳал шудааст.
Марҳум оятуллоҳ Сайид Садруддини Садр менависад:
“Кутуби ахбор ба мо хабар медиҳад, ки ҷамоате дар замони ғайбат ӯро мушоҳида кардаанд ва хидматаш мушарраф шуданд. Ин бо он чӣ ворид шуда, ки муддаии руъятро такзиб кунед, мунофот надорад, зеро мақсуд аз он ривоят ба қаринаи садри ҳамон ривоят такзиби муддаии ниёбати хосса аст.
Чи саволҳое, ки Имом дар Ғайбати Кубро посух дода ва чӣ қадар мушкилоти динию дунявӣ, ки мардумро аз онҳо наҷот бахшида ва чӣ бемороне, ки шифо дода ва бечорагону дармондагонеро, ки наҷот дода ва чӣ бисёр дар роҳмонда, ки ҳидоят фармуда ва ташна, ки сероб сохта ва нотавон ки дастгирӣ кардааст.
Ин китобҳо ва дафтарҳое аст, ки дар замонҳои мухталиф ва нуқоти гуногун ба дасти афроди мувассақе, ки якдигарро намешинохтанд таълиф шуда ва дар онҳо он қадар ҳикоёте, ки шоҳиди гуфтори мост зикр шудааст, ки қобили шумориш нест. чӣ басо инсон аз дидани онҳо ва иҳота ба хусусиятҳо ва шоҳидҳое, ки ҳамроҳи онҳост ба порае аз онҳо яқин ҳосил намояд”.[126]
Мўъҷизаҳои Имом (а) дар «ғайбати суғро»
Каромот ва мӯъҷизаҳое, ки дар даврони Ғайбати Суғро аз ҷониби имом мушоҳида мешуд, сабаби устувории имони шиаён дар нуқоти дуру наздик буд. Бисёр иттифоқ меафтод, ки пайравон аз роҳҳои дуру наздик ба Сомарро ва Бағдод меомаданд ва тавассути ноибони хос бо Имоми Замон (а) тамос мегирифтанд ва каромоте мушоҳида мекарданд.
Мӯъҷизаҳои Имом(а) дар ин давра ба қадре зиёд аст, ки зикри ҳамаи онҳо ба китоби ҷудогона ниёз дорад. Мӯъҷизоте, ки аз он ҳазрат дар замони ғайбат ба вуқӯъ пайвастааст, беш аз ҳадди шумориш аст.[127]
Дар ин ҷо ба унвони намуна чанд мавридро нақл мекунем:
1- Исо ибни Наср мегӯяд: Алӣ ибни Самарӣ барои Имоми Замон(а) нома навишт ва кафане барои худ дархост кард. Аз ҷониби имом посух омад, ки: “Ту дар соли ҳаштод (280-и ҳиҷрӣ ё дар синни ҳаштод солагӣ) ба он ниёз хоҳӣ дошт”.
Ӯ ҳамчунон, ки имом фармуда буд дар соли ҳаштод даргузашт ва пеш аз вафоташ Имом кафанро барояш фиристод.[128]
2- Алӣ ибни Муҳаммад мегӯяд: “Аз ҷониби Имом фармоне расид, ки шиаёнро аз зиёрати қубури аимма (оромгоҳи имомон) дар Козимайн ва Карбало наҳй (манъ) фармуд. Чанд моҳ нагузашт, ки вазири халифа, Боқтониро хост ва ба ӯ гуфт: ”Бани Фурот (ки вобастагони вазир буданд) ва аҳолии Барс (макони байни Ҳилла ва Кӯфа)-ро мулоқот кунад ва ба онон бигӯяд қабрҳои қурайш дар Козимайнро зиёрат накунанд, зеро халифа дастур додааст маъмурон муроқиб бошанд ва ҳар кас ба зиёрати Имомон(а) биравад, дастгир намоянд”.[129]
3- Набераи Абӯҷаъфар, Муҳаммад ибни Усмон – дуюмин ноиби имом мегӯяд: Гурӯҳе аз хонадони Навбахтӣ ва аз он ҷумла Абулҳасан ибни Касири Навбахтӣ раҳматуллоҳ ва низ Умми Кулсум - духтари Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Усмон бароям нақл кардаанд: “Амволе аз Қум ва навоҳии он барои Абӯҷаъфар фиристодаанд то ба Имоми Ғоиб(а) бирасонад. Оваранда дар Бағдод ба хонаи падарам Абӯҷаъфар омад ва он чиро фиристода буданд ба ӯ таслим кард. Ҳангоме ки мехост баргардад Абӯҷаъфар гуфт:
- Аз он чӣ ба ту супурдаанд, ки бирасонӣ, чизе боқӣ мондааст ва он дар куҷост?
Оваранда гуфт:
- Сарвари ман ҳеҷ чиз назди ман боқӣ намонда ва ҳама чизро ба шумо таслим кардам.
Абӯҷаъфар гуфт:
- Чизе боқӣ аст, назди асоси (васоили хона) худ баргард, ҷустуҷӯ кун ва он чиро ба ту супоридаанд ба хотир овар.
Оваранда баргашт. Чанд рӯз ба ёдоварӣ, фикр ва низ ҷустуҷӯ пардохт, аммо чизе наёфт. Онон ки ҳамроҳи ӯ буданд, чизе низ наёфтанд, ки ба ӯ бигӯянд. Вай назди Абӯҷаъфар баргашт ва гуфт:
- Чизе назди ман боқӣ намондааст ва он чӣ ба ман супоридаанд назди шумо овардам.
Абӯҷаъфар гуфт:
- Ба ту гуфта мешавад ду либоси сирдонӣ, (навъе либос аз мансуҷоти ҷазираи бузург дар баҳри Мағриб) ки фалон шахс ба ту дод, чӣ шуд?
Мард гуфт:
- Оре, ба Худо дуруст аст. Ман онҳоро фаромӯш кардам, чунон ки комилан аз хотирам рафта буданд ва акнун намедонам онҳоро куҷо гузоштаам.
Ин шахс дубора ба хонааш баргашт ва он чӣ колое ҳамроҳаш буд кушод ва ҷустуҷӯ кард, аз ҳар кас, ки ҳам колое барояш бурда буд хост, то ҷустуҷӯ кунад, аммо либосҳо пайдо нашуд.
Назди Абӯҷаъфар баргашт ва гум шудани либосҳоро ба ӯ фаҳмонд. Абӯҷаъфар гуфт:
- Ба ту гуфта мешавад назди фалон марди пахтафурӯш бирав, ки ду адл (баста) пахта барояш бурдӣ ва яке аз он ду адлро, ки рӯи он фалон ва фалон навишта шуда, бикшой. Он ду либос дар он адли пахта аст.
Мард аз ин хабари Абӯҷаъфар шигифтзада ва мутаҳаййир шуд. Ӯ худаш ба он ҷо рафт ва адлро кушода ҳар ду либосро ёфт ва назди Абӯҷаъфар оварда ба ӯ супорид ва гуфт:
- Ман онҳоро фаромӯш карда будам. Ҳангоме ки борҳоро мебастам ин ду либос боқӣ монд ва онҳоро дар як сӯи адли пахта ниҳодам, то маҳфуз бошанд.
Он мард ин мавзӯи аҷибро, ки аз Абӯҷаъфар дида ва шунида буд ва ҷуз паёмбарону имомон, ки аз сӯи Худо бар ин гуна корҳо огоҳӣ доранд касе намедонад, ҳама ҷо нақл мекард. Дар ҳақиқат ӯ ба Абӯҷаъфар ошноӣ надошт ва танҳо амвол ба воситаи ӯ ирсол шуда буд. Ҳамчунон ки бозаргонон чизҳоеро, ки барои тарафи муомилоти худ ба дасти шахсони бовариноки худ мефиристанд, ҳамроҳи ӯ борнома ва ё номае набуд, ки ба Абӯҷаъфар дода бошад. Зеро вазъият дар замони Мӯътазиди Аббосӣ душвор буд ва аз шамшер хун мечакид. Корҳои имом дар миёни хосон сиррӣ ва пинҳонӣ буд ва оварандагон аз он чӣ назди Абӯҷаъфар ирсол мешуд хабар надоштанд. Танҳо ба онон гуфта мешуд, ки ин колоро ба фалон ҷо бурда супор, бе он ки ӯро аз чизе огоҳ созанд ва ё номае ба ӯ ҳамроҳ намоянд, то мабодо касе аз фиристонандагони амвол огоҳӣ ёбад”.[130]
4- Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Маҳзиёри Аҳвозӣ мегӯяд: “Чун Имом Абӯмуҳаммади Аскарӣ (а) даргузашт, моро шакку шубҳа (дар мавриди вуҷуди Имоми Ғоиб(а)) фаро гирифт. Дар ин ҳангом амволи фаровоне (аз саҳми имом ё ғайри он) назди падарам ҷамъ шуда буд. Падарам ин амволро бардошт (то ба Имом расонад) ва ба киштӣ нишаст ва ман низ ба гусели ӯ берун омада будам. Ногаҳон дарди шадиде бар падарам ориз шуд ва ба ман гуфт:
- Писарам! Маро баргардон, маро баргардон, ки марг фаро расидааст. Дар кори ин амвол аз Худо битарс ва он гоҳ ба ман васият карду аз дунё гузашт.
Ман бо худ гуфтам: падарам касе набуд, ки ба чизи нодурусте васият кунад. Ин амволро ба Ироқ мебарам ва дар канори соҳили дарё хонае кироя мекунам ва ба ҳеҷ кас хабар намедиҳам. Агар чизе мисли он чӣ дар замони Имом Аскарӣ (а) ошкор мешуд, бароям ошкор шавад, амволро мефиристам, вагарна ҳамаро садақа медиҳам.
Ба Ироқ омадам ва хонае дар соҳили рӯдхона кироя кардам. Чанд рӯз он ҷо будам ва рӯзе фиристодае омад ва навиштае чунин овард:
“Эй Муҳаммад! Ҳамроҳи ту амволе чунин ва чунон дар даруни борҳое чунин ва чунон аст” ва ҳамаи он чӣ оварда будам ва худам аз ҷузъиёти он огоҳ набудам шарҳ дода буд.
Амволро ба фиристода таслим кардам ва худам чанд рӯзи дигар мондам. Дар ин муддат ҳеҷ кас суроғи маро намекард ва андӯҳгин шудам. Номаи дигаре низ бароям расид, ки: “Туро қоиммақоми падарат қарор додем, Худойро сипос гузор!”[131]
5- Ҳасан ибни Фазли Ямонӣ мегӯяд: ”Ба Сомарро омадам. Аз ҷониби Имом (а) кисае (халтачае), ки дар он чанд динор ва ду порча буд, бароям омад. Ман онҳоро баргардондам ва бо худ гуфтам: манзалати ман назди онҳо ҳамин аст! Ва такаббур маро фаро гирифт. Баъд аз он пушаймон шудам ва номае навиштам ва узрхоҳӣ кардам ва истиғфор намудам. Дар хилват бо худ гуфтам: ба Худо савганд мехӯрам, ки агар кисаи динорҳоро ба ман бозгардонад, ман онро намекушоям ва харҷ намекунам, то назди падарам бибарам, ки ӯ аз ман донотар аст.
Аз ҷониби Имом ба фиристода (ки қаблан кисаро барои ман оварда буд) паём омад, ки ту кори нодурусте кардӣ, ба ӯ нагуфтӣ мо гоҳе бо дӯстон ва пайравони худ чунин мекунем ва гоҳе онон аз мо чунин чизҳое мехоҳанд то ба он табаррук ҷӯянд.
Ба ман паём омад: “Ту хато кардӣ, ҳадя ва эҳсони моро напазируфтӣ. Чун аз Худо талаби омӯрзиш намудӣ, Худованд туро мебахшад. Чун тасмим ва нияти ту он аст, ки дар динорҳо тасарруф накунӣ, дар сафар низ харҷ нанамоӣ, бинобар ин онҳоро дигар нафиристодам, вале ду порчаро лозим дорӣ ба онҳо муҳрим шавӣ (либоси эҳроми худ қарор диҳӣ)... “.[132]
6- Муҳаммад ибни Сураи Қумӣ (р) аз шайхон ва бузургони аҳли Қум, нақл мекунад: Алӣ ибни Ҳусайни Бобавайҳ[133] бо духтари амаки худ (духтари Муҳаммад ибни Мӯсои Бобавайҳ) издивоҷ кард, аммо аз ӯ фарзанде наёфт. Ӯ номаеро ба ҷаноби Ҳусайн ибни Рӯҳ – сеюмин ноиби хоси Имоми Ғоиб (а) навишт ва аз Имом (а) тақозо кард, ки дуо кунанд Худо фарзанди фақеҳ ба ӯ иноят кунад.
Аз ҷониби Имом(а) посух омад, ки аз ҳамсари ҳозираи худ фарзанде нахоҳӣ дошт ва ба зудӣ канизеро, ки Дайламӣ[134] аст, молик мешавӣ ва ду писари фақеҳ аз ӯ насиби ту хоҳад шуд.
Ибни Бобавайҳ се писар ёфт (Муҳаммад, Ҳусайн ва Ҳасан). Муҳаммад ва Ҳусайн ду фақеҳи хушҳофиза ҳастанд ва матолиберо ҳифзанд, ки ҳеҷ кас аз аҳли Қум онро ҳифз нест. Бародарашон Ҳасан, ки фарзанди дуюм аст, ба ибодат ва зӯҳд машғул аст ва бо мардум улфате надорад ва аз фиқҳ ҳам бебаҳра аст.
Мардум аз ҳофизаи Абӯҷаъфар (Муҳаммад) ва Абӯабдулло (Ҳусайн) ду фарзанди Алӣ ибни Ҳусайн ибни Бобавайҳ дар нақли ривоёт ва аҳодис тааҷҷуб мекунанд ва мегӯянд: ин мақом ба дуои Имоми Замон (а) насиби шумо шудааст. Ин мавзӯъ дар миёни мардуми Қум машҳур аст.[135]
Дидори Имом (а)
Марҳум Шайх Табарсӣ дар китоби “Эъломулваро” гурӯҳе аз касонеро, ки муваффақ ба зиёрат ва дарки мӯъҷизоти Имоми Аср(а) шуданд, бармешуморад. Вай мегӯяд: 13 нафари онҳо аз вакилон ва коргузорони имом дар Бағдод, Кӯфа, Аҳвоз, Қум, Ҳамадон, Рай, Озарбойҷон ва Нешопур буданд ва ҳудуди 50 нафар аз аҳолии Бағдод, Ҳамадон, Динавар, Исфаҳон, Саймара, Қум, Рай, Қазвин ва ҷойҳои дигар.[136]
Марҳум Ҳоҷӣ Нурӣ аз уламои бузурги аввалҳои асри чордаҳум ва муаллифи китоби мӯътабари “Мустадракулвасоил” дар китоби шарифи “Наҷмуссоқиб” бештар аз саду бист нафарро изофа бар он чӣ марҳум Табарсӣ нақл намудааст ном мебарад. Ин афрод ҳазрати Маҳдӣ (а)-ро ё мушоҳида намудаанд ё мӯъҷизае аз он ҷаноб дидаанд ва ё ба ҳар ду файз расидаанд. Ҳоҷӣ Нурӣ мефармояд: ”Шояд бештари эшон аз афроде бошанд, ки ба ҳар ду файз ноил шудаанд ва қазоёю ҳикоёти эшон биҳамдиллоҳ дар китобҳои асҳоб бо санадҳои мухталиф мавҷуд ва шоеъ (машҳур) аст. Чунончӣ ҳеҷ мунсифе (боинсоф, боадолат) ки мутталеъ (огоҳ) аз ҳоли соҳибони он китобҳо бошад ва мақоми тақво, адл, васоқат ва эҳтиёти эшонро ба даст оварда бошад, дар ҳусули тавотури маънавӣ ва судури мӯъҷиза аз он ҷаноб шак накунад. Адами ҷавози эътимоди кизби ҳамаи он вақоеъ ҳарчанд дар ҳар як аз онҳо ин эҳтимол равад чунончӣ ба ҳамин наҳв судури мӯъҷизот аз падарони тоҳирини он ҷаноб собит шудааст”.[137]
Бархе аз бузургони уламо ном ва достони афродеро, ки дар Ғайбати Кубро хидмати Имом (а) шарафёб шуда ё каромоте аз он ҳазрат дар бедорӣ ё хоб мушоҳида кардаанд, дар таълифоти худ гирдоварӣ ва зикр кардаанд. Аз он ҷумла: китобҳои “Кашфуластор”, “Биҳоруланвор” ҷ.13 чоп қадим ва ҷилди 51 чоп нав, “Доруссалом” ва марҳум Ҳоҷӣ Нурӣ дар ҷилди ҳафтуми китоби “Наҷмуссоқиб” сад ҳикоятро нақл мекунад ва дар оғози он навиштааст:
“Он чӣ дар ин боб зикр хоҳем намуд аз мӯъҷизоти он ҳазрат кофӣ ва шофӣ аст ва биёре аз онҳо ба ҳасби санад атқан (боварибахш) возеҳ ва аъло аст ва бо тааммули содиқона дар онҳо ҳоҷате ба муроҷиати мӯъҷизоти собиқа ва китобҳои қадима набошад...”.
Ва изофа мекунад: ”Он чӣ дар эшон (ноқилони ҳикоёт) риоят намудем сидқу диёнат аст, ки дар ин ҷо ҳар чӣ аз ҳар ки шунидем нақл накунем, балки биавниллоҳ ( бо кӯмаки Худо) дар ҷиҳати сидқу васоқат дар нақл ҳама шариканд ва бисёре аз онҳо соҳибони мақомоти олӣ ва каромоти боҳираанд”.[138]
Баъд аз Ҳоҷӣ Нурӣ ташарруфоти (мушарраф шудан ба дидор) дигаре низ барои афрод рӯй додааст, ки олими бузургвор оқои Лутфулло Софӣ дар китоби “Асолати маҳдавият” чанд намуна аз онҳоро нақл карда ва навиштааст: ”Чун бино бар ихтисор аст ба чанд мӯъҷиза, ки дар асри худамон иттифоқ афтодааст, басанда мекунем”.[139]
Мо низ дар ин навиштор ба нақли як ҳикоят аз китоби арҷманди “Наҷмуссоқиб” иктифо (басанда) карда, хонандагонро ба китобҳои номбурда ирҷоъ (муроҷиат) медиҳем.
Олими фозил Алӣ ибни Исои Арбалӣ[140] дар “Кашфулғумма” мефармояд, ки хабар дод маро ҷамоате аз сиқоти (ростгӯён) бародарони ман, ки: “Дар билоди Ҳилла шахсе буд, ки ӯро Исмоил ибни Исо ибни Ҳасани Ҳирқалӣ мегуфтанд. Ӯ аз аҳли қарияе[141] буд, ки онро “Ҳирқал” мегӯянд ва дар замони ман вафот кардааст. Ман ӯро надидам ва ин ҳикоятро барои ман писараш Шамсуддин нақл карда гуфт, ки падараш барояш нақл кардааст. Шамсуддин чунин гуфт: “Дар вақти ҷавонӣ дар рони чапи падарам чизе, ки онро “тӯса” мегӯянд берун омад. Он ба миқдори қабзаи одамӣ[142] ва дар ҳар фасли баҳор мекафид ва аз он хуну чирк мерафт. Ин алам[143] ӯро аз ҳама шуғл боз медошт. Ӯ ба шаҳри Ҳилла омад ва ба хидмати Разийиддин Алӣ ибни Товус[144] рафт ва аз ин дард шиква намуд. Сайид ҷарроҳони Ҳилларо ҳозир намуд. Баъд аз муоинаи он ҳама гуфтанд, ки ин “тӯса” бар болои раги акҳал баромадааст ва ғайр аз буридан илоҷи дигаре надорад. Агар инро бибурем шояд раги акҳал бурида шавад, ҳар гоҳ он раг бурида шуд Исмоил зинда намемонад. Аз ҳамин сабаб дар буридан хатари азим аст ва муртакиби он намешавем.
Сайид ба Исмоил гуфт: Ман ба Бағдод меравам. Омода бош туро ҳамроҳи худ низ бибарам ва ҷароҳатамро ба табибон ва ҷарроҳони Бағдод нишон диҳам, шояд иттилои эшон бештар бошад ва илоҷе тавонанд кард. Ӯ ба Бағдод омад ва табибонро талабид ва ҳамаи онҳо ҳамон ташхиси қаблиро карданд ва ҳамон узр гуфтанд. Исмоил дилгир шуд ва Сайид ба ӯ рӯ оварда гуфт:
- Ҳақ Таоло намози туро бо вуҷуди ин наҷосат, ки бо он олудаӣ қабул мекунад ва сабр кардан дар ин алам беаҷрӣ нест.
Исмоил гуфт:
- Агар чунин аст ба зиёрати Сомера мераваму истиғоса ба аиммаи ҳудо мебарам ва ба сӯи Сомера раҳсипор шуд.
Соҳиби “Кашфулғумма” мегӯяд: аз писараш шунидам, ки мегуфт, аз падарам шунидам, ки гуфт: чун ба он машҳади мунаввар расидам, зиёрати имомайни ҳумомайн Имом Алии Нақӣ ва Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳимо салом кардам. Ба сардоба[145] рафтам ва шаб дар он ҷо ба Ҳақ Таоло нолидам ва ба Соҳибуламр истиғоса[146] бурдам. Субҳ ба тарафи Даҷла рафта ҷомаро шустам, ғусли зиёрат кардам ва ибриқе[147], ки доштам пури об карда мутаваҷҷеҳи машҳад шудам, ки бори дигар зиёрат кунам. Ба қалъа нарасида чаҳор савораро дидам, ки меоянд. Чун дар ҳаволии[148] машҳад ҷамъе аз шурафо хона доштанд, гумон кардам, ки шояд аз эшон бошанд. Чун ба ман расиданд дидам, ки: ду ҷавон шамшер бастаанд, яке аз эшон хаташ дамида буд[149] ва дигаре пире буд покизавазъ, ки найза дар даст дошт. Сеюмӣ бошад шамшер ҳамоил карда, фарҷе[150] бар болои он пӯшида ва таҳтулҳанг[151] баста ва найза ба даст гирифта буд. Пас, он пир дар дасти рост қарор гирифт ва буни найзаро ба замин гузошт. Он ду ҷавон дар тарафи чап истоданд ва соҳиби фарҷӣ дар миёни роҳ истода буд. Онон бар ман салом доданд ва ҷавоби салом гардондам. Фарҷипӯш гуфт:
- Фардо равона мешавӣ?
Гуфтам:
- Бале
Гуфт:
- Пеш ой, бубинам чӣ чиз туро озор медиҳад.
Маро ба хотир расид, ки аҳли бодия эҳтирозе (эҳтиёт, мулоҳиза) аз наҷосат намекунанд ва ту ғусл карда ва рухатро ба об кашида ва ҷомаат ҳанӯз тар аст, агар дасташ ба ту нарасад беҳтар бошад. Дар ин фикр будам, ки хам шуд ва маро ба тарафи худ кашид ва даст бар он ҷароҳат ниҳода фишурд, чунон чӣ ба дард омад ва рост шуда бар замин қарор гирифт. Дар айни ҳол он шахс гуфт:
”Афлаҳта ё Исмоил”.[152]
Ман гуфтам:
- ”Афлаҳтум”[153] ва дар тааҷҷуб афтодам, ки номи маро аз куҷо медонад?! Боз ҳамон шайх ба ман гуфт:
- ”Халос шудӣ ва растагорӣ ёфтӣ” ва изофа карду гуфт:
- Имом аст, Имом.
Ман давида рон ва рикобашро бӯсидам. Имом (а) роҳӣ шуд ва ман дар рикобаш мерафтам ва ҷазаъ[154] мекардам.
Ба ман гуфт:
- Баргард.
Гуфтам:
- Аз ту ҳаргиз ҷудо нашавам.
Боз фармуд:
- Баргард, ки маслиҳати ту дар баргаштан аст.
Ман ҳамон ҳарфро иода(такрор) кардам; пас он шайх гуфт:
- Эй Исмоил! Шарм надорӣ, ки Имом ду бор фармуд баргард ва хилофи қавли ӯ мекунӣ?
Ин ҳарф дар ман асар кард, пас истодам ва чун қадаме чанд дур шуданд боз ба ман мултафит шуда фармуд:
- Чун ба Бағдод расидӣ Мустансир[155] туро хоҳад талабид ва ба ту атое хоҳад кард. Аз ӯ қабул макун ва ба фарзандам Разӣ[156] бигӯ, ки чизе дар боби ту ба Алӣ ибни Арз бинависад, ки ман бо ӯ супориш мекунам, ки ҳарчи ту хоҳӣ бидиҳад.
Ман ҳамон ҷо истода будам, то аз назари ман ғоиб шуданд. Ман таассуфи бисёр хӯрда, соате ҳамон ҷо нишастам ва баъд аз он ба машҳад[157] баргаштам. Аҳли машҳад чун маро диданд, гуфтанд:
- Ҳолат мутағаййир аст, озоре дорӣ?
Гуфтам:
- Не
Гуфтанд:
- Бо касе ҷанг ва низое кардаӣ?
Гуфтам:
- Не, аммо бигӯед ин саворонро, ки аз ин ҷо гузаштанд, дидед.
Гуфтанд:
- Эшон аз шурафо бошанд.
Гуфтам:
- Аз шурафо набуданд, балки яке аз эшон Имом(а) буд.
Пурсиданд:
- Он шайх ё соҳиби фараҷӣ?
Гуфтам:
- Соҳиби фарҷӣ.
Гуфтанд:
- Захматро ба ӯ нишон додӣ?
Гуфтам:
- Бале, онро фишурд ва он дард кард.
Пас рони маро боз карданд, асаре аз он ҷароҳат набуд. Ман худам аз даҳшат ба шак афтодам ва рони дигарро кушодам, асаре надидам. Дар ин ҷо мардум бар ман ҳуҷум карданд ва пироҳани маро пора-пора карданд. Агар аҳли машҳад маро халос намекарданд, дар зери дасту по рафта будам ва фарёду фиғон ба марде, ки “нозири Байнаннаҳрайн”[158] буд, расид. Ӯ омада моҷароро шунид ва рафт, то воқеаро бинависад. Ман шаб он ҷо мондам ва субҳ ҷамъе маро мушойиат (гусел) намуданд ва ду кас ҳамроҳ намуданд ва баргаштанд. Субҳи дигар бар дари шаҳри Бағдод расидам, ки халқи бисёр бар сари пӯл ҷамъ шудаанд ва ҳар ки мерасад аз ӯ ному насабашро мепурсанд. Вақте мо расидем ва номи маро шуниданд, ҳамагӣ бар сари ман ҳуҷум карданд. Рахтеро, ки бори дуюм пӯшида будам, пора-пора карданд ва наздик буд рӯҳ аз тани ман муфориқат (ҷудо) кунанд, ки Сайид Разийиддин бо ҷамъе расиданд ва мардумро аз ман дур карданд. Нозири Байнаннаҳрайн сурати ҳолро навишта ба Бағдод фиристод ва эшонро хабар карда буд. Сайид фармуд, ки: Ин марде, ки мегӯянд шифо ёфта аст туӣ, ки ин ғавғо дар ин шаҳр андохтаӣ?
Гуфтам:
- Бале
Аз асп ба зер омада рони маро боз кард ва чун захми маро дида буд ва аз он асаре надид, соате беҳуш шуд. Вақте ба худ омад гуфт:
- Вазир моро талабида ва гуфт, ки аз машҳад ин тавр хабаре навиштаанд ва мегӯянд он шахс ба ту марбут аст, хабари ӯро зуд ба ман бирасон.
Ӯ моро бо худ назди он вазир, ки аз шаҳри Қум буд, бурда гуфт:
- Ин мард бародари ман ва беҳтарин асҳоби ман аст.
Вазир гуфт:
- Қиссаро барои ман нақл кун.
Аз аввал то ба охир он чӣ ба ман гузашта буд нақл кардам. Вазир фавран барои талаби табибон ва ҷарроҳон фармон дод. Чун ҳозир шуданд фармуд:
- Шумо захми ин мардро дидаед?
Гуфтанд:
- Бале.
Пурсид:
- Давои он чист?
Ҳама гуфтанд:
- Илоҷи он мунҳасир (танҳо) дар буридан аст, агар бибуранд ба гумон, ки зинда монад.
Пурсид:
- Агар фарз кунем, ки намирад, то чанд вақт он захм ба ҳам ояд?
Гуфтанд:
- Камтарин муддат ду моҳ он ҷароҳат боқӣ хоҳад монд ва баъд аз он дуруст хоҳад шуд. Аммо дар ҷои он гӯи сафед (чизе, ки мисли тӯп барҷаста бошад) хоҳад монд, ки аз он ҷо мӯй нарӯяд.
Боз пурсид:
- Шумо чанд рӯз шуд, ки ӯро дидаед?
Гуфтанд:
- Имрӯз даҳ рӯз мешавад.
Пас вазир эшонро пеш талабида рони маро бараҳна кард. Эшон бо чашмони худ диданд, ки бо рони дигарам аслан тафовуте надорад ва саре аз он куфт нест. Дар ин вақт яке аз табибон, ки аз насоро буд фарёд зада гуфт:
- “Валлоҳи ҳоза мин аъмолил Масиҳ”,- яъне ба Худо қасам, ки ин шифоёфтан нест, магар аз мӯъҷизоти Масеҳ, яъне Исо ибни Марям.
Вазир гуфт:
- Чун амали ҳеҷ як аз шумо нест, ман медонам амали кист. Ин хабар ба халифа расид ва вазирро наздаш хонд. Вазир маро бо худ ба хидмати халифа бурд ва Мустансир маро амр кард, ки он қиссаро баён кунам. Вақте то охир нақл кардам, ходимеро гуфт, ки кисаеро ки дар он ҳазор динор буд ҳозир кард. Мустансир ба ман гуфт:
- Ин маблағро харҷи худ кун.
Ман гуфтам:
- Зарраеро аз ин қабул наметавонам кард.
Гуфт:
- Аз кӣ метарсӣ?
Гуфтам:
- Аз он ки ин асрор амали ӯст. Он ҷаноб амр фармуд, ки аз Абӯҷаъфар[159] чизе қабул макун. Пас аз шунидани ин сухан халифа ғамгин шуда, гирист.
Соҳиби “Кашфулғумма” мегӯяд: “Аз иттифоқоти ҳасана ин ки рӯзе ман ин ҳикоятро аз барои ҷамъе нақл мекардам, чун тамом шуд, донистам, ки яке аз он ҳозирин Шамсуддин Муҳаммад писари Исмоил аст ва ман ӯро намешинохтаам. Аз ин иттифоқ тааҷҷуб намуда гуфтам:
- Ту рони падарро дар вақти захм дида будӣ?
Гуфт:
- “Дар он вақт хурдсол будам, вале дар ҳоли сиҳатиаш дида будам ва мӯ аз он ҷо баромада буд ва асару нишонае аз он захм набуд. Падарам ҳар сол як бор ба Бағдод меомад ва ба Сомера мерафт. Ӯ муддатҳо дар он ҷо боқӣ мемонд ва дар ин ҳангом мегирист ва таассуф мехӯрд ба орзуи он ки як бори дигар ба дидори он ҳазрат мушарраф шавад. Вале бори дигар он давлат насибаш нашуд. Он чӣ ман медонам чиҳил бори дигар ба зиёрати Сомера шитофт ва шарафи он зиёратро ёфт вале дар ҳасрати дидани Соҳибуламр аз дунё рафт”.
Дар поёни ин ҳикоят муаллифи “Наҷмуссоқиб” аз Шайх Ҳурри Омулӣ дар китоби “Амалуломил” нақл кардааст, ки Муҳаммад ибни Исмоил, писари Исмоили Ҳирқалӣ олими фозил ва аз шогирдони аллома Ҳиллӣ будааст.[160]
Сайид ибни Товус мефармояд: “Ман дар замони худ иддаеро дидам, ки гуфтанд: ҳазрати Маҳдӣ(а)-ро дидаем ва бархе аз онон номаҳо ва ҷавоби масоиле аз он ҷаноб барои ашхос ҳамл мекарданд.[161]
Марҳум Шайх Ҳурри Омилӣ аз уламои бузург ва мароҷеи шиа дар садаи ёздаҳуми ҳиҷрӣ низ пас аз нақли достони шабеҳи достони Ҳирқалӣ менависад: “Монанди ин ҷараён дар замони мо ва дар гузашта аз он ҳазрат (а) мутавотир ва қатъӣ аст”.[162]
Ва низ мефармояд: “Гурӯҳе аз ёрони мувассақ ба ман хабар доданд, ки Соҳибуламр (а)-ро дар бедорӣ диданд ва аз ӯ мӯъҷизоти мутааддиде мушоҳида карданд. Он гиромӣ порае аз умури пинҳонӣ ва ғайбиро ба онон хабар дод, барояшон дуо фармуд ва мустаҷоб гардид. Ононро аз хатарҳо наҷот бахшид, ки иборот ва шарҳу тафсили онҳо нотавон аст ва ҳамаи онҳо аз равшантарин мӯъҷизот ба ҳисоб мераванд”.[163]
Ва низ менависад: “Ман худ низ мӯъҷизоте аз ҳазрати Маҳдӣ (а) дар олами хоб дидаам”[164] ва баъд ба нақли онҳо пардохтааст.
Таъйини вақти зуҳур
Чунончӣ гуфтем, пас аз вафоти ҷаноби Абулҳасани Самарӣ - чорумин ноиби хоси Имоми Замон (а) давраи “Ғайбати Кубро” оғоз шуд ва то имрӯз идома дорад. Зуҳур ва қиёми Имом(а) дар поёни ин давра ва ба фармони Худои Мутаол хоҳад буд. Пешвоёни маъсуми мо дар ривоятҳои бисёр баён фармудаанд, ки барои зуҳур таъйини вақт намешавад. Танҳо Худо медонад. Ногаҳон ва ба фармони Худо воқеъ хоҳад шуд. Ҳар кас таъйини вақт кунад дуруғгӯ аст.
Фузайл аз Имом Боқир (а) пурсид:
- Оё барои ин амр вақте таъйин мешавад?
Имом се бор фармуд:
- ”Казиба ал-ваққотун”.
Таъйинкунандагони вақт дурӯғгӯянд.[165]
Исҳоқ ибни Яъқуб тавассути ҷаноби Муҳаммад ибни Усмони Амрӣ номае хидмати Имоми Замон (а) фиристод. Аз эшон суолоте намуд ва Имом дар фарозе аз посух дар мавриди вақти зуҳур фармуданд:
“Ва аммо зуҳурул фараҷи фаиннаҳу илаллоҳи таъоло зикруҳу ва казибал ваққотун”.
Ва аммо зуҳури фараҷ ба фармони Худои Мутаол вобаста аст ва таъйинкунандагони вақт дурӯғгӯянд.[166]
Албатта, манзур аз таъйини вақт, таъйини дақиқи вақти зуҳур аст. Ин гуна таъйини вақтро пешвоёни маъсум(а) ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз нашуморидаанд. Онҳо онро аз асрори илоҳӣ донистаанд, вале аломатҳоеро зикр фармудаанд, ки чун онҳо воқеъ шаванд, наздик будани зуҳурро хабар медиҳанд.
Аломатҳои зуҳур
Ривоёте, ки дар мавриди ҳаводиси қабл аз зуҳур ва аломатҳои зуҳур расида аст, бисёр ва гуногун аст; бархе аз ин ривоятҳо фазои иҷтимоот ва ба хусус вазъи ҷомеаҳои исломиро пеш аз зуҳур эзоҳ медиҳад, бархе дигар аз ҳодисаҳое, ки наздик ба зуҳур воқеъ мешаванд шарҳ медиҳад ва бархе ҳам бурузи умури аҷибро баён менамояд.
Баррасии ҳамаи ин ривоёт ба печидагиҳо ва рамзҳое, ки дар бархе вуҷуд дорад ба ӯҳдаи китобҳои муфассал аст. Алоқамандон метавонанд ба китобҳо ва матнҳое, ки ин ривоётро нақл кардаанд муроҷиат намоянд. Мо дар зер чанд аломатро, ки равшантар ва ба дарк наздиктаранд зикр мекунем:
а) Ривоёте, ки фазои қабл аз зуҳурро мушаххас мекунанд.
1- Афзоиши зулм, ҷавр, фисқ, гуноҳ ва бединӣ дар саросари ҷаҳон ва дар ҷомеаҳои исломӣ:
Дар бисёре аз ривоёт пешвоён қиёми мубораки Имоми Замон(а)-ро чунин хабар додаанд, ки: ”Қиёми он гиромӣ дар вақте аст, ки зулму ҷавр ҷаҳонро фаро гирифта бошад”. Дар порае аз ривоёт ҳам ёдоварӣ кардаанд, ки пеш аз зуҳури Имоми Қоим (а) ба хусус наздик ба зуҳури ӯ ҳатто дар ҷомеаҳои исломӣ фисқу фуҷур, анвоъи гуноҳон ва зиштиҳо ривоҷи комил хоҳанд ёфт ва аз он ҷумла ба ин фоҷиаҳо ишора намудаанд:
Шаробхӯрӣ ва хариду фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ ошкор анҷом мешавад, рибохӯрӣ ривоҷ меёбад, зино, амалҳои қабеҳи дигар густариш ва ошкор мегардад, бераҳмӣ, фиреб, нифоқ, ришвахӯрӣ, бидъат, ғайбату суханчинӣ бисёр аст, беиффатию беҳаёӣ ва зулму ситам умумӣ хоҳад буд. Занон беҳиҷоб ва бо либосҳои ношоям дар ҷомеа ошкор мешаванд, мардон ба занон ва занон ба мардон дар либос ва ороиш монанди ҳам мешаванд. Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар тарк мегардад, мӯъминон хору беқадр ва ғамгин буда, тавоноии пешгирӣ аз гуноҳон ва зиштиҳоро нахоҳанд дошт.
Куфр, беимонӣ, бединӣ ривоҷ ёфта ба Ислом ва Қуръон амал намешавад. Фарзандон нисбат ба падарон ва модарон озору беҳурматӣ раво дошта ва хурдтарин эҳтироми калонсолонро риоят намекунанд. Бузургон ба хурдсолон раҳм намекунанд ва василаи раҳм риоят намешавад. Хумсу закот пардохт намешавад ё дуруст масраф намешавад, бегонагон, кофирон ва аҳли ботил бар мусулмонон ғолиб мешаванд ва мусулмонон бо худбохтагӣ дар ҳамаи корҳо: дар либос, гуфтор, ва кирдор аз онон тақлиду пайравӣ мекунанд ва ҳудуди илоҳӣ таътил мешавад ва ...
Бисёре аз фоҷиаҳои дигар, ки бо иборатҳои гуногун дар ривоёти пешвоёни мо зикр шудааст[167] ва ҳамаи мардум авҷи ин фоҷиаҳоро дар қарни охир ва ба хусус дар режими тоғут мушоҳида кардаанд ва то ҳол дар ҷаҳон ва дар аксарияти кишварҳои исломӣ ин ҷиноёт ва зиштиҳо давом дорад.
б) Ҳодисаҳои пеш аз зуҳур
2-3- “Хуруҷи Суфёнӣ” ва “фурӯ рафтани сипоҳи Суфён ба замин:
Аз аломатҳое, ки пешвоёни маъсуми мо бар он бисёр таъкид карда, возеҳу равшан баён фармудаанд, хуруҷи Суфёнӣ аст; ”Суфёнӣ тибқи порае аз ривоёт мардест Умавӣ аз насли Язид ибни Муовия ибни Абӯсуфён ва аз палидтарин мардум аст. Номаш Усмон ибни Анбаса аст ва бо хонадони нубувват, имомат ва шиаён душмании хосе дорад. Ӯ сурхчеҳра, кабудчашм, обиларӯ, баландманзар, ситамгар ва ҷинояткор аст. Дар Шом қиём ва ба суръат панҷ шаҳрро тасарруф мекунад ва бо сипоҳи бузург ба сӯи Кӯфа дар Ироқ меояд ва дар шаҳрҳои Ироқ ба хусус дар Наҷаф ва Кӯфа ҷиноятҳои бузургеро содир мекунад. Сипоҳи дигар ба сӯи Мадина ба Арабистон мефиристад. Сипоҳи суфёнӣ дар Мадина ба қатлу ғорат мепардозад ва аз он ҷо ба сӯи Макка мераванд. Ин сипоҳ дар биёбоне миёни Мадина ва Макка ба фармони Худои Мутаол ба замин фурӯ меравад. Он гоҳ Имоми Қоим (а) пас аз ҷараёноте аз Макка ба Мадина ва аз Мадина ба сӯи Ироқ ва Кӯфа меояд ва Суфёнӣ аз Ироқ ба Шом ва Димишқ фирор мекунад. Имом сипоҳеро ба таъқиби ӯ равона мефармояд. Саранҷом ӯро дар Байтулмуқаддас ҳалок карда ва сарашро ҷудо месозад.[168]
4-Хуруҷи Сайиди Ҳасанӣ.
Бинобар ривоёти имомони маъсум(а) Сайиди Ҳасанӣ марде аз бузургони шиаён аст, ки дар Эрон ва аз ноҳияи Дайлам ва Қазвин (кӯҳистонҳои шимоли Қазвин, ки як қисмати он Дайламон ном дорад) мебарояд ва қиём мекунад. Мардест худоҷӯ ва бузургвор, ки даъвои имомат ва маҳдавият намекунад. Ӯ фақат мардумро ба Ислом ва равишҳои имомони маъсум(а) даъват менамояд. Кораш боло мегирад ва пайравони зиёд пайдо мекунад ва аз макони худ то Кӯфаро аз зулму ҷавр ва фисқу фуҷур пок месозад. Мутасаддӣ ва раис аст ва монанди султони одил ҳукумат мекунад. Ҳангоме ки ба сипоҳиён ва ёрони худ дар Кӯфа аст ба ӯ хабар медиҳанд, ки Имоми Қоим (а) бо ёрону пайравони худ ба навоҳии Кӯфа омадааст. Сайиди Ҳасанӣ бо лашкариёни худ бо Имом (а) мулоқот мекунад. Имом Содиқ(а) фармудаанд, ки Сайид Ҳасанӣ Имомро мешиносад, аммо барои он ки ба ёрон ва пайравони худ имомат ва фазилатҳои имомро собит кунад, ошноии худро ошкор намесозад. Ӯ аз Имом(а) мехоҳад, ки далелҳои имомат ва маворисе,[169] ки аз паёмбарон назди ӯст нишон диҳад. Имом (а) нишон медиҳад ва мӯъҷизоте ошкор мефармояд. Сайиди Ҳасанӣ бо Имом(а) байъат мекунад, ба ҷуз гурӯҳе наздик ба чаҳор ҳазор нафар намепазиранд ва ба Имом (а) нисбати сеҳру ҷодугарӣ медиҳанд. Имом(а) пас аз се рӯзи суханронӣ ва насиҳат, чун намепазиранд ва имон намеоваранд, дастури қатли онҳоро содир мефармоянд ва ҳамаи онон ба фармони Имом кушта мешаванд.[170]
5- Нидои осмонӣ.
Яке дигар аз аломатҳои машҳур нидои осмонӣ аст. Он чунон аст, ки пас аз зуҳури Имоми Ғоиб дар Макка бонге бисёр даҳшатовар ва расо аз осмон шунида мешавад, ки имомро бо исму насаб ба ҳамагон муаррифӣ мекунад. Ин нидо аз оёти илоҳӣ аст. Дар ин нидо ба мардум пешниҳод мешавад, ки бо имом байъат кунед, то ҳидоят ёбед ва мухолифати ҳукми ӯро нанамоед, ки гумроҳ мешавед. [171]
Нидои дигаре қабл аз зуҳур сурат мегирад, ки барои собит намудани ҳаққонияти ҳазрати Алӣ (а) ва шиаёни ӯ хоҳад буд.[172]
6- Нузули Исои Масеҳ(а) ва иқтидои ӯ бо ҳазрати Маҳдӣ(а):
Дар порае аз ривоёт, нузули Исои Масеҳ (а) аз осмон ва иқтидои ӯ дар намоз ба ҳазрати Маҳдӣ (а) ҷузъи корҳое аст, ки ҳамроҳи зуҳури он ҳазрат сурат мегирад, зикр шудааст. Расули гиромии Ислом (с) ба духтари хеш Фотимаи Заҳро (а) фармуданд:
“Ва минно валлоҳи аллазӣ ло илоҳа илло ҳува Маҳдию ҳозиҳил уммати, аллазӣ юсаллӣ халфаҳу Исабну Марям”.[173]
Ва ба Худое, ки Парвардигоре ҷуз ӯ нест савганд, ки Маҳдии ин уммат аз мост, ҳамон ки Исо ибни Марям пушти сари ӯ намоз мехонад.
Аломатҳо ва нишонаҳои дигаре низ дар китобҳо гирдоварӣ шудааст, аммо оё ин аломатҳо ҳама воқеъ мешаванд ё мумкин аст дар онҳо тағироте ба вуҷуд ояд, мавзӯе аст, ки дар ҷои худ баррасӣ ва муқаррар шудааст. Фармудаанд, ки аломатҳо бар ду қисм аст: ҳатмӣ ва ғайриҳатмӣ ва он чӣ ҳатмӣ аст, воқеъ мешавад.
Дар порае ривоёт фармудаанд, ки ҳатто ҳатмиёт ҳам мумкин аст тағир ёбад ва он чӣ тағирпазир нест чизҳое аст, ки Худои Мутаол ваъда фармуда ва Худованд хулфи ваъда намекунад: “Инналллоҳа ло юхлифул миъод”.[174]
Бадеҳӣ аст ривоёте, ки маҳтумот (ҳатмиёт)-ро низ қобили тағир медонанд, ҳолати интизорро дар ҷомеа қавитар месозад, то ҳамеша мунтазир бошанд ва худро омода созанд, зеро мумкин аст аломатҳо воқеъ нашуда бошанд ва дар айни ҳол он ҳазрат зуҳур намояд.
Қиёми Имом (а)
Аз маҷмӯаи ривоёте, ки пешвоёни маъсум (а) дар бораи воқеаҳои киёми ҳазрати Маҳдии Мавъуд (Худо зуҳурашро наздик гардонад) фармудаанд, чунин мебарояд, ки:
Он гиромӣ пас аз ғайбати дурудароз ба фармони Худо дар Макка ва канори Каъба (миёни рукн ва макон) зуҳур мефармояд. Парчам, шамшер, дастор (салла) ва пероҳани Паёмбар (с) бо ӯст ва ба василаи фариштагон ёрӣ мешавад. Ҳазрат хашмгин ва хунхоҳ қиём мекунад ва ба қатли беамони душманони Худо ва Ислом мепардозад ва аз ситамгарон интиқом мегирад.
Ёрони хоси ӯ сесаду сездаҳ нафаранд, ки дар Макка бо ӯ байъат мекунанд. Имом муддате дар Макка мемонад ва баъд ба сӯи Мадина меояд. Ёрони ӯ мардони ҷангҷӯ, далер, солеҳ, боимон ва роҳибони шаб ва шерони рӯзанд. Дилҳояшон чун оҳан қавӣ аст, дар итоат ба он ҳазрат бисёр кушо ҳастанд ва ба ҳар сӯ рӯ оваранд, пирӯз мешаванд.
Имом (а) пас аз муборизаҳо дар Мадина бо сипоҳи худ ба сӯи Ироқ ва Кӯфа меояд. Дар Кӯфа бо Сайиди Ҳасанӣ мулоқот мекунад. Вай ва сипоҳиёнаш бо имом байъат мекунанд. Исои Масеҳ(а) низ аз осмон фурӯд омада, имомро ёрӣ мекунад ва дар намоз ба Имом(а) иқтидо менамояд.
Маркази ҳукумати Имом(а) шаҳри Кӯфа аст. Имом Шарқ ва Ғарби ҷаҳонро фатҳ карда Исломро бар саросари ҷаҳон ҳукмфармо месозад. Динро таҷдид мекунад ва аз чеҳраи исломи ростин ғубори нодурустиҳоро пок мекунад. Ҳазрат тибқи китоби Худо ва суннати Паёмбар(с) рафтор ва ҳукумат мекунад. Монанди Амири Мӯъминон таомаш содда ва либосаш хашан (дурушт) аст.
Дар ҳукумати Имом Замон баракоти замин ошкор ва сарват, неъмат, мева ва маҳсулот бисёр мешавад. Фақр аз байн меравад ва ҳамагон чунон дар рифоҳу неъмат хоҳанд буд, ки касе барои пардохти закот ва садақа фақире намеёбад ва ба ҳар кас муроҷиат кунад касе аз ӯ намепазирад. Ба шавқи муҷовират (ҳамсоягӣ) бо Имом (а) он қадар аз мӯъминон ва пайравон дар Кӯфа сокин мешаванд, ки барои ғунҷоиши намозгузороне, ки ба Имом(а) иқтидо мекунад масҷиди бисёр васеъ бино мекунанд, ки ҳазор дар дорад.
Дар ҳукумати Имом (а) адл ва амният чунон дар ҳама ҷо соягустар мешавад, ки агар пиразане табақи тилло ва ҷавҳар бар сар гирад ва ба танҳоӣ пиёда аз шаҳре ба шаҳре равад, касе музоҳими ӯ намегардад ва дар сарвати ӯ тамаъ намекунад.
Замин ганҷина ва дафинаҳои худро барои Имом (а) зоҳир месозад ва имом тамоми вайрониҳои ситамдидагонро обод мекунад. Вақте он гиромӣ қиём кунад, Худованд ба дидагон ва гӯшҳои пайравони ӯ мадад мекунад, то садди роҳ миёни онон ва имомашон набошад. Ӯ бо онон сухан мегӯяд ва онон сухани ӯро мешунаванд ва ба ӯ менигаранд дар ҳоле ки имом дар ҷои худ қарор дорад. Ҳангоми зуҳури он ҳазрат Худо дасти лутф ва раҳмати худро бар сари бандагони хеш мегузорад ва ақлҳои онон комил мешавад. Он гиромӣ миёни мардум ба равиши ҳазрати Довуд ва ҳазрати Муҳаммад(с) доварӣ мекунад. Ҳар он чӣ Расули гиромии Ислом анҷом дод, анҷом медиҳад ва монанди Расули Худо суннатҳои ҷоҳилиро аз байн мебарад ва Исломро дубора ҳаёт мебахшад.[175]
Баъзе аз вазифаҳои пайравони Имоми Замон (а) дар замони ғайбат
1- Хондани ин дуо, ки дархости шинохти Имоми Замон аз Худои Мутаол мебошад:
“Аллоҳумма аррифнӣ нафсака фаиннака ин лам туъаррифнӣ нафсака лам аъриф набийяак. Аллоҳумма аррифнӣ расулака фаиннака ин лам туъаррифнӣ расулака лам аъриф ҳуҷҷатак. Аллоҳумма аррифнӣ ҳуҷҷатак финнака ин лам туъаррифнӣ ҳуҷҷатака залалту ан динӣ”[176]
2- Хондани дуои “Ё Аллоҳ ё раҳмону ё раҳим ё муқаллибал қулуби саббит қалбӣ ало диник”,[177] ки барои субот ва устувор мондани эътиқодоти исломӣ судманд аст.
3- Дуо кардан барои он ҳазрат монанди хондани ин дуои шарифа:
“Аллоҳума кун ливалийикал ҳуҷҷатибнил ҳасан, салавотука алайҳи ва ал%











